Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 9:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ва на ба воситаи хуни бузҳо ва говҳо, балки ба воситаи Хуни Худ як бор ба кудс дохил шуда, кафорати абадӣ пайдо кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

12 Инчунин Масеҳ на бо хуни бузу гӯсола, балки бо хуни Худ як бор ва то абад ба ҷойи муқаддастарин дохил шуда, моро аз гуноҳ то абад халос кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 9:12
32 Iomraidhean Croise  

Ҳафтод ҳафтсола барои қавми ту ва барои шаҳри муқаддаси ту муқаррар карда шудааст, то ки ҷиноят хотима ёбад, ва гуноҳ нест шавад, ва маъсият кафорат шавад, ва адолати ҷовидонӣ барқарор шавад, ва рӯъёи набӣ муҷассам гардад, ва қудси қудсҳо тадҳин карда шавад.


Ва нарбузи қурбонии гуноҳро, ки барои қавм аст, забҳ мекунад, ва хуни онро ба пушти парда меоварад, ва бо хунаш ончунон амал мекунад, ки бо хуни гӯсола амал карда буд, ва онро бар сарпӯш ва пеши сарпӯш мепошад;


Агар коҳини тадҳиншуда гуноҳе карда, сабаби гуноҳкор шудани қавм гардида бошад, — бигзор барои гуноҳе ки кардааст, гӯсолаи беайберо аз галаи говон барои қурбонии гуноҳ ба Худованд тақдим намояд.


«Ҳорун, ва писаронашро бо ӯ, ва либосҳо, ва равғани тадҳин, ва гӯсолаи қурбонии гуноҳ, ва ду қӯчқор, ва сабади фатирҳоро бигир,


Ва қурбонии қавмро наздик овард, ва нарбузи гуноҳро, ки барои қавм буд, гирифт, ва онро забҳ карда, монанди қурбонии пешина, барои гуноҳ тақдим намуд.


Зеро инак, он санге ки Ман ба ҳузури Еҳушаъ мегузорам; ба як санг бо ҳафт чашм менигарам; инак, Ман нақше бар он ҳак менамоям, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва гуноҳи ин заминро дар як рӯз дур мекунам.


Лекин ҳар кӣ ба Рӯҳулкудс куфр гӯяд, то абад омурзида нашавад, балки ба азоби абадӣ маҳкум гардад».


«Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки қавми Худро парасторӣ намуда, ба вай халосӣ ато фармудааст,


Пас, нигаҳбони худатон ва нигаҳбони тамоми он рамае бошед, ки Рӯҳулқудс шуморо барои назорат кардани он таъин намудааст, то ки Калисои Худоро, ки Ӯ бо Хуни Худ харидааст, бичаронед.


Дар Ӯ мо бо Хуни Ӯ фидияе ва омурзиши гуноҳҳоро бар ҳасби сарвати файзи Ӯ пайдо кардаем,


Ки дар Ӯ мо фидияе ба воситаи Хуни Ӯ ва омурзиши гуноҳҳоро пайдо кардаем,


Ва Писари Ӯро аз осмон мунтазир шавед, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, яъне Исоро, ки моро аз ғазаби оянда халосӣ медиҳад.


Ки Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд.


Писараш, ки дурахши ҷалол ва мазҳари моҳияти Ӯ буда, ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, чун татҳири гуноҳҳои моро ба амал овард, ба ямини Кибриё дар афроз нишаст,


Пас, эй бародарон, модоме ки мо ҷуръат дорем ба қудс ба василаи Хуни Исои Масеҳ,


Зеро аз имкон берун аст, ки хуни говҳо ва бузҳо гуноҳҳоро нест кунад.


Бинобар ин Исо низ, барои он ки одамонро бо Хуни Худ тақдис намояд, берун аз дарвоза уқубат кашид.


Ва камол ёфта, барои ҳамаи мутеони Худ сабабгори наҷоти ҷовидонӣ гардид,


Ки эҳтиёҷ надорад ҳар рӯз, мисли он саркоҳинон, аввал барои гуноҳҳои худаш, баъд барои гуноҳҳои қавм қурбониҳо тақдим кунад, зеро ки инро Ӯ як бор ба амал овард, вақте ки Худро ба унвони қурбонӣ тақдим кард.


Зеро, агар хуни бузҳо ва говҳо ва хокистари модагов, ки ба палидон пошида мешавад, онҳоро то ба дараҷаи татҳири ҷисм тақдис мекарда бошад,


Чӣ қадар бештар Хуни Масеҳ, ки ба василаи Рӯҳи абадӣ Зоти беайби Худро ба Худо тақдим намуд, виҷдони моро аз аъмоли беҷон татҳир хоҳад кард, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро ибодат намоем!


Бинобар ин Ӯ Миёнарави аҳди ҷадид аст, то ки пас аз мамоти Ӯ, ки он барои кафорати ҷиноятҳои замони аҳди якум вокеъ шудааст, даъватшудагон мероси абадии мавъудро пайдо кунанд.


Зеро, вақте ки Мусо ҳамаи аҳкомро мувофиқи шариат пеши тамоми қавм ҳонд, хуни говҳо ва бузҳоро бо об ва пашми арғувонӣ ва зуфо гирифта, ҳам бар худи китоб пошид, ҳам бар тамоми қавм,


Ончунон Масеҳ низ як бор Худро барои бардоштани гуноҳҳои бисьёр касон қурбонӣ намуда, бори дуюм на аз барои татҳири гуноҳ зоҳир хоҳад шуд, балки барои онҳое ки Ӯро интизор доранд, то наҷот ёбанд.


Аммо ба қисми дуюми хайма соле як бор фақат саркоҳин медарояд, он ҳам бе хун не, ки онро барои худаш ва барои хатокориҳои қавм қурбонӣ мекунад.


Ва аз ҷониби Исои Масеҳ, ки шоҳиди амин, Нахустзода аз мурдагон ва Фармонфармои подшоҳони замин аст. Ӯро, ки моро дӯст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ халосӣ дод,


Ва суруди наве хонда, мегӯянд: «Ту сазовори он ҳастӣ, ки китобро воз кунӣ ва мӯҳрҳоро аз он бардорӣ; зеро ки Ту забҳ шудӣ ва бо Хуни Худ моро барои Худо аз ҳар сибт ва забон ва қавм ва қабила харидӣ,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan