Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 9:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Пас, аҳди якум низ дастурҳои оид ба ибодати Худо, ва қудси заминӣ дошт;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

1 Инак аҳду паймони аввал аз расму ойинҳои ибодат ва хаймаи ибодати заминӣ иборат буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 9:1
14 Iomraidhean Croise  

Ва бигзор онҳо барои Ман қудсе бисозанд, ва Ман дар миёни онҳо сокин хоҳам шуд.


Ва агар онҳо аз ҳар коре ин кардаанд, шарм намоянд, сурати маъбад ва тарҳи онро, ва баромадгоҳҳояш ва даромадгоҳҳояш ва ҳамаи тасвирҳояш, ва тамоми фароизаш ва ҳамаи тасвирҳояш ва ҳамаи қонунҳояшро ба онҳо баён намо ва пеши назари онҳо бинавис, то ки тамоми сурати он ва тамоми фароизи онро риоя намоянд, ва бар тибқи онҳо амал кунанд.


Пас, фармони Маро риоя намоед, то ки бар тибқи он урфу одатҳои зишт, ки пеш аз шумо ба амал оварда шудааст, амал накунед, ва бо онҳо худро наҷис нагардонед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам».


Бигзор онҳо фармудаи Маро риоя намоянд, то ки барои он гуноҳкор шуда ҷазо наёбанд, ва онро поймол карда, аз боиси он намиранд. Ман Худованд ҳастам, ки онҳоро тақдис менамоям.


Чизе аз он то субҳ боқӣ нагузоранд, ва устухонҳояшро нашикананд; мувофиқи тамоми фароизи фисҳ онро ба ҷо оваранд.


Ҳар дуи онҳо пеши Худо одил буданд ва аз рӯи тамоми аҳком ва фароизи Худованд бекаму кост рафтор мекарданд.


Онҳо исроилиёнанд; фарзандхондагӣ ва ҷалол, аҳдҳо ва шариат, ибодат ва ваъдаҳо ба онҳо тааллуқ доранд;


Бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа ва фитнаи ботиле ки бар тибқи ривояти инсонӣ, бар тибқи аносири ҷаҳон, на бар тибқи Масеҳ аст, ҷазб накунад.


Бо гуфтани «аҳди ҷадид» Ӯ қадимагии аҳди якумро нишон дод; ва он чи қадима ва кӯҳна аст, ба нестшавӣ наздик аст.


Ва хизматгузори қудс ва хаймаи ҳақиқӣ мебошад, ки онро Худованд барпо кардааст, на одамизод.


Зеро, агар он аҳди якум бенуқсон мебуд, ҷое барои дигараш намеҷустанд.


Зеро Масеҳ на ба қудси бо дасти одам сохташуда, ки фақат тимсоли қудси ҳақиқист, балки ба худи осмон даромадааст, то ки ҳоло барои мо ба ҳузури Худо зоҳир шавад,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan