Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 8:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Ва касе ёри худро, ва касе бародари худро дигар таълим нахоҳад дод ва нахоҳад гуфт: Худовандро бишинос; чунки ҳама, аз хурд то калон, Маро хоҳанд шинохт;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

11 Дигар эҳтиёҷ намешавад, ки онҳо ба ҳамдиёрон ё бародарону хоҳарони худ „Худовандро шиносед“-гӯён таълим диҳанд, чунки ҳама аз хурд то калон Маро мешиносанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 8:11
18 Iomraidhean Croise  

Ва ту, эй писарам Сулаймон, Худои падари худро бишнос, ва Ӯро бо дили комил ва бо ҷони иштиёқманд ибодат намо, зеро ки Худованд ҳамаи дилҳоро имтиҳон мекунад, ва ҳар андеша ва фикрро мефаҳмад. Агар Ӯро ҷӯё бошӣ, Ӯ барои ту ёфт хоҳад шуд, вале агар Ӯро тарк намоӣ, Ӯ туро то абад тарк хоҳад кард.


Ва Ҳизқиё ба ҳамаи левизодагоне ки аз хизмати Худованд фаҳми некӯ доштанд, суханони дилҷӯй гуфт; ва ҳафт рӯз хӯроки идона хӯрданд, қурбониҳои саломатӣ забҳ карданд, ва Худованд Худои падарони худро ҳамду сано гуфтанд.


Ва ту, эй Эзро, бар тибқи ҳикмати Худои ту, ки дар дасти туст, доварон ва қозиёнро таъин намо, то бар тамоми қавме ки дар Мовароуннаҳр мебошанд, — бар ҳамаи онҳое ки шариати Худои туро медонанд, доварӣ кунанд; ва онҳоеро, ки намедонанд, таълим диҳед.


Ва қавмҳои бисьёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт: «Биёед, ба кӯҳи Худованд, ба хонаи Худои Яъқуб бароем, то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо ба роҳҳои Ӯ равона шавем». Зеро шариат аз Сион, ва каломи Худованд аз Ерусалим хоҳад баромад.


Ва ҳамаи писарони ту аз Худованд таълим хоҳанд ёфт, ва писарони туро осоиштагии бузурге хоҳад буд.


Ва диле ба онҳо хоҳам бахшид, то Маро бишносанд, ки Ман Худованд ҳастам, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, зеро ки онҳо бо тамоми дили худ сӯи Ман хоҳанд баргашт.


Ва касе ба ёри худ ва касе ба бародари худ дигар таълим дода нахоҳад гуфт: „Худовандро бишносед“, зеро ки ҳамаашон, аз хурд то калон, Маро хоҳанд шинохт, — мегӯяд Худованд, — чунки Ман маъсияти онҳоро хоҳам омурзид ва гуноҳи онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард».


Ва ҳамаи лашкарбошиҳо, ва Йӯҳонон ибни Қореаҳ, ва Езаньё ибни Ҳӯшаъё, ва тамоми қавм аз хурд то калон пеш омаданд


Ва ӯ Йӯҳонон ибни Қореаҳ ва ҳамаи лашкарбошиҳое ки бо ӯ буданд, ва тамоми қавмро аз хурд то калон даъват намуд,


Ва бақияи Яҳудоро, ки азм доранд ба замини Миср омада, дар он ҷо сокин шаванд, хоҳам гирифт, ва ҳамаи онҳо ба ҳалокат хоҳанд расид, дар замини Миср фурӯ хоҳанд ғалтид, аз шамшер ва қаҳтӣ талаф хоҳанд шуд, аз хурд то калон аз шамшер ва қаҳтӣ хоҳанд мурд, ва мавриди лаънат ва даҳшат ва нафрин ва нанг хоҳанд гардид.


«Зеро ки ҳамаи онҳо, аз хурд то калон, ба тамаъкорӣ дода шудаанд, ва аз набӣ гирифта то коҳин, саросар козибона рафтор мекунанд.


Ва хоҳанд донист, ки Ман — Худованд Худои онҳо — бо онҳо ҳастам, ва онҳо, хонадони Исроил, қавми Ман мебошанд, мегӯяд Худованд Худо.


Зеро ки замин аз шинохтани ҷалоли Худованд пур хоҳад шуд, чунон ки об баҳрро пур мекунад.


Дар суҳафи анбиё навишта шудааст: „Ва ҳама аз Худо таълим хоҳанд ёфт“. Ва ҳар кӣ аз Падар шунида ва таълим гирифта бошад, назди Ман меояд.


Ҳама, аз хурд то калон, ба ӯ гӯш андохта, мегуфтанд: «Ин шахс қуввати азими Худост».


Валекин тадҳине ки шумо аз Ӯ ёфтаед, дар шумо сокин аст, ва шумо эҳтиёҷе надоред, ки касе шуморо таълим диҳад; аммо азбаски тадҳини Ӯ ба шумо ҳар чизро таълим медиҳад, ва он рост аст ва дурӯғ нест, ва ҳамон тавр, ки шуморо таълим додааст, дар Ӯ бимонед.


Валекин мо медонем, ки Писари Худо омада, ба мо ҳирад бахшид, то ки ҳақро дарк кунем, ва мо дар ҳақ, дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти ҷовидонӣ мебошад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan