7 Тамоман баҳснопазир аст, ки хурд аз ҷониби бузург баракат дода мешавад.
7 Бешубҳа, шахси бузург шахси хурдро дуои нек мекунад.
Инҳоянд ҳамаи дувоздаҳ сибти Исроил; ва ин аст он чи падарашон ба онҳо гуфт; вақте ки онҳоро баракат дод, ҳар якеро мувофиқи баракати вай баракат дод.
Ва Довуд баргашт, то ки аҳли байти худро баракат диҳад; ва Микал бинти Шоул ба пешвози Довуд баромада, гуфт: «Подшоҳи Исроил имрӯз чӣ қадар иззат ёфт, вақте ки худро пеши назари канизон ва навкаронаш бараҳна кард, чунон ки як шахси бемулоҳиза худро бараҳна мекунад».
Ва истода, тамоми ҷамоати Исроилро бо овози баланд баракат дод ва гуфт:
Ва коҳинон ва левизодагон бархоста, қавмро баракат доданд, ва овози онҳо мустаҷоб шуд, ва дуои онҳо ба маскани қудси Ӯ, ба осмон расид.
«Гӯш андоз, эй осмон, ки ман сухан хоҳам ронд, ва бигзор замин нутқи даҳонамро бишнавад.
Ва бечуну чаро бузург аст сирри диндорӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд, дар Рӯҳ тасдиқ гардид, ба василаи фариштаҳо дида шуд, дар миёни халқҳо мавъиза карда шуд, дар ҷаҳон бо имон пазируфта шуд, дар ҷалол боло бароварда шуд.
Аммо ин касе ки аз авлоди онҳо ба вуҷуд наомадааст, аз Иброҳим даҳьяк гирифт ва соҳиби ваъдаро баракат дод.
Ва дар ин ҷо одамони миранда даҳьяк меситонанд, лекин дар он ҷо Он ки дар ҳаққи Вай шаҳодат дорад, ки Ӯ зинда аст.