Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 7:25 - Китоби Муқаддас 1992 1999

25 Ва ба ин сабаб низ метавонад доимо онҳоеро, ки ба василаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

25 Исо метавонад онҳоеро, ки ба воситаи Ӯ ба ҳузури Худо меоянд, комилан ва абадан наҷот бахшад. Зеро Ӯ ҳамеша зинда аст, то ки дар пеши Худо ба тарафдории онҳо сухан гӯяд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 7:25
44 Iomraidhean Croise  

Чунки ба Худо гуфтанд: „Аз мо дур шав! Ва Қодир ба мо чӣ метавонад бикунад?“


Кошки медонистам, ки Ӯро аз куҷо ёбам, то ки пеши тахти Ӯ биёям!


Ба Ман руҷӯъ намоед ва наҷот хоҳед ёфт, эй тамоми ақсои замин! Зеро ки Ман Худо ҳастам, ва дигаре нест.


Ва ҳар кас хоҳад гуфт: адолат ва қудрат барои ман фақат дар Худованд аст“». Ҳаман онҳое ки бар Ӯ ғазаб доштанд, сӯи Ӯ хоҳанд омад ва хиҷил хоҳанд шуд.


Бинобар ин Ман ба Ӯ дар миёни бузургон ҳиссае хоҳам дод, ва Ӯ ғаниматро бо зӯроварон тақсим хоҳад кард, дар ивази он ки ҷони Худро ба марг таслим намуд, ва аз ҷинояткорон шумурда шуд, ва гуноҳи мардуми бисьёреро бар худ бор кард, ва барои ҷинояткорон шафоат намуд.


Ва дид, ки одаме нест, ва тааҷҷуб намуд, ки пуштибоне нест; ва бозуи Ӯ ба Ӯ мададгор шуд, ва адолати Ӯ Ӯро дастгирӣ намуд.


Ин кист, ки аз Адӯм меояд, бо либоси сурх аз Басра меояд? Ин кист, ки дар либоси Худ пуршукӯҳ аст, ва дар камоли қуввати Худ қадам мегузорад? «Ман ҳастам, ки аз рӯи адолат сухан меронам ва барои наҷот додан тавоно мебошам».


«Баргардед, эй писарони муртад, ва Ман муртадиҳои шуморо шифо хоҳам дод!». Инак, мо назди Ту меоем, зеро ки Ту Худованд Худои мо ҳастӣ!


Алҳол, агар шумо тайёр бошед, пас чун садои шайпур, сурнай, тор, чилтор, чанг, қӯшнай ва дигар асбоби мусиқиро бишнавед, афтода, ба ҳайкали тиллое ки ман сохтаам, саҷда баред, хуб хоҳад буд; вале агар саҷда набаред, дарҳол андаруни кӯраи оташи сӯзон андохта хоҳед шуд; ва кист он Худое ки шуморо тавонад аз дасти ман раҳо кунад?»


Моро Худое ҳаст, ки Ӯро ибодат менамоем, ва Ӯ қодир аст моро аз кӯраи оташи сӯзон бираҳонад, ва аз дасти ту, эй подшоҳ, низ раҳо хоҳад кард.


Ва аз ҷониби ман фармон дода мешавад, ки аз ҳар қавм, уммат ва забон касе ки дар ҳаққи Худои Шадрак, Мешак ва Абднаҷу сухани носазое бигӯяд, пора‐пора карда хоҳад шуд, ва хонаи вай харобазор хоҳад гардид, зеро худои дигаре нест, ки мисли Ӯ тавонад наҷот диҳад».


Ва ҳангоме ки ба чоҳ наздик шуд, бо овози маҳзунона сӯи Дониёл фарьёд зад, ва подшоҳ ба Дониёл хитоб намуда, гуфт: «Эй Дониёл, бандаи Худои Ҳай! Худои ту, ки Ӯро ҳамеша ибодат менамоӣ, оё тавонист туро аз шерон халос кунад?»


Худовандо! Лутфан, бар ҳасби тамоми адолати Ту, бигзор хашми Ту ва ғазаби Ту аз шаҳри Ту Ерусалим, аз кӯҳи муқаддаси Ту баргардад, зеро ки аз боиси гуноҳҳои мо ва маъсиятҳои падарони мо Ерусалим ва қавми Ту дар назари ҳамаи онҳое ки дар гирду пеши мо ҳастанд, шармсор гардидааст.


Ва ҳар чиро, ки ба исми Ман биталабед, ба ҷо хоҳам овард, то ки Падар дар Писар ҷалол ёбад;


Ва Ман аз Падар илтимос ҳоҳам кард, ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигаре ато хоҳад кард, то ки ҳамеша бо шумо бимонад,


Исо ба вай гуфт: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман;


Зеро ки агар бо Худо, ҳангоми душман будани худ, ба воситаи мамоти Писари Ӯ мусолиҳа карда бошем, — пас, алалхусус баъд аз мусолиҳа кардан, мо ба воситаи ҳаёти Ӯ наҷот хоҳем ёфт;


Ки ба воситаи Ӯ мо бо имон сӯи ин файзе роҳ ёфтаем, ки дар он истодаем ва бо умеди ҷалоли Худо меболем.


Кӣ маҳкум мекунад? Оё Масеҳе ки мурдааст, вале боз эҳьё шудааст? Оё Ӯ, ки ба ямини Худо нишастааст? Оё Ӯ, ки дар ҳаққи мо шафоат мекунад?


Зеро, дар ҳикмати Худо, модоме ки ҷаҳон бо ҳикмати худ Худоро нашинохт, — Худо салоҳ донист, ки ба воситам ҷаҳолати мавъиза имондоронро наҷот диҳад.


Зеро ба воситаи Ӯ ҳар дуи мо иҷозат дорем, ки дар як Рӯҳ ба Падар наздик шавем.


Ки ба василаи Ӯ ва ба воситаи имони мо ба Ӯ иҷозат дорем бо ҷасорату эътимод наздик шавем.


Ӯро, ки бо қуввате ки дар мо амал мекунад, қодир аст аз ҳар он чи мо мехоҳем ё фикр мекунем, беандоза зиёдтар бикунад, —


Ки Ӯ ҷисми залили моро ба шабоҳати ҷисми ҷалили Ӯ бо амали ҳамон қуввате дигаргун ҳоҳад кард, ки бо он Ӯ ҳама чизро ба Худ тобеъ намуда метавонад.


Зеро ки Худо ягона аст, ва воситачии байни Худо ва одамон низ ягона аст, ки Исои Масеҳи одамизод аст,


Ба ин сабаб ман чунин уқубат мекашам, лекин ор намедорам, зеро медонам, ки ба Кӣ имон овардаам, ва ман яқин дорам, ки Ӯ қодир аст амонати маро то он рӯз нигоҳ дорад.


Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод.


Бинобар ин ҳамеша ба василаи Ӯ қурбонии шукронаро ба Худо тақдим менамоем, яъне самараи лабҳоеро, ки ба исми Ӯ ҳамду сано мехонанд.


Зеро, чӣ тавре ки Худи Ӯ аз озмоиш гузашта, уқубат кашидааст, ба озмудашавандагон низ метавонад мадад расонад.


Балки мебинем, ки Исо, ки аз фариштагон андак кам карда шуда буд, ба сабаби азоби мамот алҳол тоҷи ҷалол ва шавкат бар сар дорад, то ки ба ҳасби файзи Худо зоиқаи мамотро барои ҳама бичашад.


Дар айёме ки Ӯ дар ҷисм буд, ба Он ки метавонист Ӯро аз мамот наҷот диҳад, бо фиғони пурзӯр ва бо ашкрезӣ дуо ва тазаррӯъ намуд, ва ба хотири таъзиму такрими Худ иҷобат карда шуд,


Ки вай на бар тибқи қонуни як мизони ҷисмонӣ, балки ба ҳасби қуввати як ҳаёти бепоён чунин шуда бошад.


Чунки шариат ҳеҷ чизро ба камол нарасондааст; лекин умеди беҳтаре ҷои онро гирифт, ки ба василаи он мо ба Худо наздик меоем.


Аммо Ӯ, ки то абад боқист, каҳонати бефано дорад,


Ва дар ин ҷо одамони миранда даҳьяк меситонанд, лекин дар он ҷо Он ки дар ҳаққи Вай шаҳодат дорад, ки Ӯ зинда аст.


Зеро Масеҳ на ба қудси бо дасти одам сохташуда, ки фақат тимсоли қудси ҳақиқист, балки ба худи осмон даромадааст, то ки ҳоло барои мо ба ҳузури Худо зоҳир шавад,


Ва Ӯро, ки қодир аст шуморо аз фурӯ ғалтидан нигоҳ дорад ва дар шодӣ беайб ба ҳузури ҷалоли Худ биистонад,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan