Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 7:19 - Китоби Муқаддас 1992 1999

19 Чунки шариат ҳеҷ чизро ба камол нарасондааст; лекин умеди беҳтаре ҷои онро гирифт, ки ба василаи он мо ба Худо наздик меоем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

19 Чунки шариат ҳеҷ чизеро пурра пок гардонда ва ё ҳеҷ касеро бо Худо оштӣ дода наметавонист. Вале ҳоло умеди беҳтаре дода шудааст, ки ба воситаи он ба Худо наздик мешавем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 7:19
29 Iomraidhean Croise  

Дар рӯзе ки Туро хондам, наздик шуда гуфтӣ: „Натарс!“


Зеро ки шариат ба воситаи Мусо ато шуд, аммо файз ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.


Исо ба вай гуфт: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман;


а аз ҳар чизе ки ба василаи шариати Мусо сафед шуда натавонистед, ҳар имондор ба василаи Ӯ сафед хоҳад шуд.


Ки ба воситаи Ӯ мо бо имон сӯи ин файзе роҳ ёфтаем, ки дар он истодаем ва бо умеди ҷалоли Худо меболем.


Пас чӣ гӯем? Оё шариат бо гуноҳ якест? Ба ҳеҷ ваҷҳ. Лекин ман гуноҳро маҳз ба воситаи шариат донистаам. Зеро агар шариат намегуфт, ки «тамаъ накун», ман намедонистам, ки тамаъ чист.


Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм суст шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард,


Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли шариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, — мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд.


Пас, оё шариат ба ваъдаҳои Худо мухолиф аст? Ба ҳеҷ сурат! Зеро, агар шариате дода мешуд, ки қобили ҳаётбахшӣ бошад, адолат ҳақиқатан аз шариат мебуд;


Пас, шариат асокаши мо сӯи Масеҳ гардид, то ки ба воситаи имон сафед шавем;


Ки ба василаи Ӯ ва ба воситаи имони мо ба Ӯ иҷозат дорем бо ҷасорату эътимод наздик шавем.


Ки ба онҳо Худо таваҷҷӯҳ намуда огоҳӣ дод, ки сарвати ҷалоли ин сирро барои халқҳо огоҳӣ диҳам, ва он сир ин аст, ки Масеҳ дар шумо умеди ҷалол аст,


Павлус, ҳаввории Исои Масеҳ бо амри Худое ки Наҷотдиҳандаи мост, ва Исои Масеҳи Худованд, ки умеди мост,


Зеро шариате ки сояи некиҳои оянда аст ва воқеияти онҳо нест, ҳаргиз наметавонад ба воситаи айни ҳамон қурбониҳое ки ҳамеша, сол ба сол тақдим карда мешаванд, тақдимкунандагонро комил гардонад.


Чунки Худо барои мо чизи беҳтаре пешбинӣ намуда буд, то ки онҳо бе мо комил нагарданд.


Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод.


Аммо Масеҳ мисли Писар аст бар ҳонаи Ӯ; ва ҳонаи Ӯ мо ҳастем, ба шарте ки ҷуръат ва фахри умедро то ба охир боматонат нигоҳ дорем.


Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем.


То бо ду чизи тағьирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеде ки пешниҳод шудааст, часпидаем, тасаллои пурзӯре бошад.


Пас, агар камол ба василаи каҳонати Левӣ муяссар мешуд, — зеро ки шариат дар он айём ба қавм расид, — боз чӣ ҳоҷат буд, ки коҳини дигаре ба монанди Малкисодақ ба майдон ояд, ва ба монанди Ҳорун номида нашавад?


Ва ин умед бе қасам нест, —


Ва ба ин сабаб низ метавонад доимо онҳоеро, ки ба василаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад.


Аммо алҳол Ӯ хизмати аълотаре пайдо кардааст ба андозае ки Ӯ миёнарави аҳди беҳтаре мебошад, ки он бар ваъдаҳои беҳтар барқарор гардидааст.


Вай тимсоли замони ҳозира аст, ки дар он ҳадияҳо ва қурбониҳое тақдим карда мешаванд, ки қодир нестанд виҷдони тақдимкунандаро осуда гардонанд,


Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд. Дастҳои худро бишӯед, эй гуноҳкорон, ва дилҳои худро пок кунед, эй дудилагон.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan