Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 7:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Зеро маълум аст, ки Худованди мо аз сибти Яҳудо тулӯъ намуд, ки Мусо дар бораи он оид ба каҳонат чизе нагуфтааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

14 Маълум аст, ки Худованди мо аз қабилаи Яҳудо буд ва Мусо ҳеҷ вақт нагуфтааст, ки аз ин қабила коҳине мебарояд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 7:14
22 Iomraidhean Croise  

Писарони Яҳудо: Эр, Ӯнон, Шело, Форас ва Зораҳ; вале Эр ва Ӯнон дар замини Канъон мурданд. Писарони Форас Ҳесрӯн ва Ҳомул буданд.


Чӯбдасти салтанат аз Яҳудо дур нашавад ва қонунгузор аз камараш, то даме ки Шилӯ биёяд, ва ба Ӯ қавмҳо итоат намоянд.


Ва навдае аз танаи Йисой берун хоҳад омад, ва ниҳоле аз решаҳояш сабзида, бор хоҳад овард.


ва ту, эй Байт‐Лаҳми Эфрот, ки дар миёни хонаводаҳои Яхудо аз ҳама ҷавонтарӣ! Аз ту барои Ман Ҳокиме дар Исроил хоҳад баромад, ва баромади Ӯ аз қадим, аз айёми азал аст.


Онро мебинам, валекин на ҳозираро; онро муоина менамоям, вале он наздик нест: ситорае аз Яъқуб тулӯъ хоҳад намуд, ва чӯбдасти салтанат аз Исроил хоҳад бархост, ва ҳудуди Мӯобро сар то сар торумор хоҳад кард, ва тамоми банӣ‐Шитро ба ҳалокат хоҳад расонид.


„Ва ту, эй Байт‐Лаҳм, замини Яҳудо, аз дигар ноҳияҳои Яҳудо ҳеҷ камӣ надорӣ; зеро ки аз ту Пешвое ба майдон хоҳад омад, ки Ӯ қавми Ман — Исроилро чӯпонӣ хоҳад кард“».


Ва ин ба ман аз куҷост, ки модари Худованди ман назди ман омадааст?


Ибни Аминодоб, ибни Ром, ибни Ҳесрӯн, ибни Форас, ибни Яҳудо,


Онҳо ба вай гуфтанд: «Эй зан! Чаро гирья мекунӣ?» Ба онҳо гуфт: «Худованди маро бурдаанд, ва намедонам, ки Ӯро куҷо гузоштаанд».


Тумо дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Худованди ман ва эй Худои ман!»


Дар бораи Писари Худ, ки ба ҳасби ҷисм аз насли Довуд таваллуд шудааст,


Наҳод ки ту, эй одамизод, гумон мекунӣ, ки бо маҳкум кардани кунандагони чунин корҳо ту аз доварии Худо халос хоҳӣ шуд, дар сурате ки худат айни ҳамон корҳоро содир менамоӣ?


Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки моро бо ҳар баракати рӯҳоние ки дар афлок аст, дар Масеҳ баракат додааст,


Ва ҳанӯз ҳамаашро ба ҳотири афзалияти дониши Худованди ман Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам


Зеро Он ки дар ҳаққи Ӯ ин сухан гуфта мешавад, ба сибти дигаре мансуб буд, ки аз он ҳеҷ кас хизмати курбонгоҳро ба ҷо наовардааст;


Ва ин боз ҳам равшантар дида мешавад, ки агар ба монанди Малкисодақ коҳини дигаре ба майдон ояд,


«Ман, Исо, фариштаи Худро фиристодаам, то ки дар калисоҳо ба шумо шаҳодат диҳад. Ман реша ва насли Довуд, ситораи дурахшони субҳ ҳастам».


Ва яке аз он пирон ба ман гуфт: «Гирья накун; инак, шере аз сибти Яҳудо, ки решаи Довуд аст, ғолиб омад, то китобро воз кунад ва ҳафт мӯҳри онро бардорад».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan