Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 7:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Пас, агар камол ба василаи каҳонати Левӣ муяссар мешуд, — зеро ки шариат дар он айём ба қавм расид, — боз чӣ ҳоҷат буд, ки коҳини дигаре ба монанди Малкисодақ ба майдон ояд, ва ба монанди Ҳорун номида нашавад?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

11 Гарчанде ки шариати Мусо дар замоне дода шуд, ки ба вазифаи коҳинон аз насли Левӣ интихоб мешуданд, хизматгузории ин коҳинон касеро комил гардонда наметавонист. Чунки, агар комил гардонда метавонист, лозим намешуд, ки коҳини дигаре ва он ҳам на ба мисли Ҳорун, балки ба мисли Малкисодақ биёяд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 7:11
17 Iomraidhean Croise  

Файзи Худоро ботил намекунам; зеро, агар сафед шудан ба воситаи шариат бошад, Масеҳ бар абас мурдааст».


Ҳамчунин мо, то даме ки кӯдак будем, ғуломи аносири ҷаҳон будем;


Аммо алҳол, ки Худоро мешиносед ва, илова бар он, Худо шуморо мешиносад, чӣ гуна аз нав сӯи он аносири заифу фақир баргашта, худро боз ба онҳо ғулом кардан мехоҳед?


Ва Худо Ӯро Саркоҳине ба монанди Малкисодақ ном ниҳод.


Чунон ки дар ҷои дигар низ мегӯяд: «Ту коҳин ҳастӣ то абад, ба монанди Малкисодақ».


Ки ба он ҷо пешгузаштаи мо — Исо дохил шуда, то абад Саркоҳин гардид ба монанди Малкисодақ.


Зеро ки ӯ ҳанӯз дар камари падар буд, вақте ки Малкисодақ ба пешвози Иброҳим баромад.


Зеро ки дар баробари дигаргунии каҳонат дигаргунии шариат низ зарур мешавад.


Зеро Он ки дар ҳаққи Ӯ ин сухан гуфта мешавад, ба сибти дигаре мансуб буд, ки аз он ҳеҷ кас хизмати курбонгоҳро ба ҷо наовардааст;


Ва ин боз ҳам равшантар дида мешавад, ки агар ба монанди Малкисодақ коҳини дигаре ба майдон ояд,


Зеро ки онҳо бе қасам коҳин шудаанд, аммо Ӯ бо қасам, чунки дар ҳаққи Ӯ гуфта шудааст: «Худованд қасам хӯрдааст, ва таассуф нахоҳад хӯрд: Ту коҳин ҳастӣ то абад, ба монанди Малкисодақ», —


Зеро, агар он аҳди якум бенуқсон мебуд, ҷое барои дигараш намеҷустанд.


Дар чунин шароит, коҳинон ба қисми якуми хайма ҳамеша медароянд, то ки ибодати Худоро ба ҷо оваранд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan