Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 6:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Аммо дар хусуси шумо, эй маҳбубон, мо яқин дорем, ки шумо дар холати беҳтар ва ба наҷот наздике мебошед, гарчанде ки ин гуна сухан меронем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

9 Эй азизон, гарчанде ин суханонро гӯем ҳам, дар мавриди шумо дилпур ҳастем, ки ҳолати имони шумо беҳтар аст ва ин ҳолат шуморо ба наҷот бурда мерасонад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 6:9
24 Iomraidhean Croise  

Зеро Ӯ, ки Олӣ ва Баланд аст, ва дар абадият Сокин мебошад, ва исмаш Қуддус аст, чунин мегӯяд: «Ман дар макони олӣ ва муқаддас, вале бо мазлум ва афтодарӯҳ сукунат дорам, то ки рӯҳи афтодагонро зинда созам, ва дили мазлумонро эҳьё намоям.


Ҳар кӣ имон оварда, таъмид ёбад, наҷот ҳоҳад ёфт; лекин ҳар кӣ имон наоварад, маҳкум хоҳад шуд.


Вақте ки инро шуниданд, ором шуданд ва Худоро ҳамду сано хонда, гуфтанд: «Дар ҳақиқат Худо ба гайрияҳудиён низ тавбаи ҳаётбахшро ато кардааст».


Ва ба яҳудиён ва юнониён ҳотирнишон мекардам, ки назди Худо тавба кунанд ва ба Худованди мо Исои Масеҳ имон оваранд.


Хуллас, эй маҳбубонам, аз бутпарастӣ бигрезед.


Оё гумон доред, ки мо худро пеши шумо сафед карда истодаем? Мо ба ҳузури Худо, дар Масеҳ сухан меронем, ва ҳамаи ин, эй маҳбубонам, барои ибрат гирифтани шумост.


Пас, эй маҳбубонам, дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем.


Зеро ғаме ки Худо додааст, тавбаро дар роҳи наҷот ба амал меоварад, ки аз он пушаймонӣ нест, лекин ғами дуньёвӣ мамотро ба амал меоварад.


Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамият дорад ва на номахтунӣ, балки имоне ки бо муҳаббат амал мекунад.


Зеро ки шумо ба занҷирҳои ман низ ҳамдардӣ изҳор кардед, ва тороҷи дороии худро бо шодмонӣ қабул кардед, чун медонистед, ки шумо дар осмон молу мулки беҳтар ва бобақое доред.


Вале мо аз онҳо нестем, ки бармегарданд ва ба ҳалокат мерасанд, балки аз имондоронем, ки наҷот меёбанд.


Чӣ гуна мо халос мешавем, агар ба чунин наҷоти бузург беэътиноӣ кунем, ки онро аввал Худованд мавъиза намуд ва баъд онҳое ки аз Ӯ шунидаанд, дар миёни мо тасдиқ кардаанд,


Ва камол ёфта, барои ҳамаи мутеони Худ сабабгори наҷоти ҷовидонӣ гардид,


Зеро Худо беадолат нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба исми Ӯ зоҳир намуда, ба муқаддасон хизмат кардаед ва мекунед, фаромӯш кунад.


Эй маҳбубон! Аз шумо, ҳамчун ғарибон ва муҳоҷирон, хоҳишмандам, ки аз ҳавасҳои ҷисм, ки бар зидди ҷон қиём мекунанд, парҳез намоед


Ин номаи дуюм аст, ки ба шумо, эй маҳбубон, менависам; дар онҳо бо роҳи ёдоварӣ фикри поки шуморо таҳрик медиҳам,


Эй маҳбубон! Ба шумо ҳукми тозае наменависам, балки ҳукми қадимие ки шумо аз ибтидо доштед: ҳукми қадимӣ каломест, ки шумо аз ибтидо шунидаед.


Эй маҳбубон! Азбаски ҷидду ҷаҳди комил дорам ба шумо дар бораи наҷоти муштараки мо бинависам, зарур донистам ба шумо насиҳате нависам, то шумо дар роҳи имоне ки як бор ба муқаддасон супурда шуд, ҷадал намоед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan