Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 6:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Зеро ки одамон бо он чи бузургтар аст, қасам ёд мекунанд, ва қасам исботест, ки ба ҳар мунозираи онҳо хотима медиҳад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

16 Одамон ҳамеша ба номи касе қасам мехӯранд, ки аз худашон бузургтар бошад ва ин қасам ба ҳар гуна баҳс хотима мегузорад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 6:16
12 Iomraidhean Croise  

Ва Абром ба подшоҳи Садӯм гуфт: «Дасти худро ба Худованд Худои Таоло, Молики осмон ва замин бардошта, қасам мехӯрам,


Ва акнун барои ман дар ин ҷо ба Худо қасам ёд кун, ки ба ман ва ба набераву абераи ман осебе нахоҳӣ расонд, балки дар ҳаққи ман ва дар ҳаққи замине ки дар он манзил кардаӣ, мувофиқи эҳсоне ки бо ту кардам, рафтор хоҳӣ кард».


Ва Иброҳим гуфт: «Ман қасам ёд мекунам».


Худои Иброҳим ва Худои Ноҳӯр, ки Худои падари онҳост, дар миёни мо ҳакам бошанд». Ва Яъқуб ба Ҳайбати падари худ Исҳоқ қасам ёд кард.


Ва подшоҳ ҷибъӯниёнро даъват намуда, бо онҳо сухан ронд. Валекин ҷибъӯниён аз банӣ‐Исроил не, балки аз бақияи амӯриён буданд, ва банӣ‐Исроил ба онҳо қасам хӯрда буданд, аммо Шоул аз рашке ки барои банӣ‐Исроил ва Яҳудо дошт, мехост онҳоро несту нобуд кунад.


Бигзор қасами Худованд дар миёни ҳар ду ба кор бурда шавад дар бораи он ки дасти худро ба моликияти ёри худ дароз накардааст; ва соҳибаш бояд қабул кунад, ва он кас товон надиҳад.


Эй бародарон! Ба тариқи одамизод сухан меронам: ҳатто васиятеро, ки одамизод тартиб дода бошад, ҳеҷ кас ботил намекунад ва чизе ба он илова наменамояд.


Зеро, вақте ки Худо ба Иброҳим ваъда дод, азбаски ба каси бузургтаре наметавонист қасам ёд кунад, ба Зоти Худ қасам ёд кард


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan