Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 6:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Зеро Худо беадолат нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба исми Ӯ зоҳир намуда, ба муқаддасон хизмат кардаед ва мекунед, фаромӯш кунад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

10 Зеро Худо беинсоф нест, ки амали шумо ва муҳаббатеро, ки ба хотири номи Ӯ дар роҳи хизмат ба халқи Худо нишон додаед ва нишон медиҳед, фаромӯш кунад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 6:10
48 Iomraidhean Croise  

Ва ба левизодагон амр фармудам, ки таҳорат карда, барои нигаҳбонии дарвозаҳо биёянд, то ки рӯзи шанберо тақдис намоянд. Инро низ, эй Худои ман, барои ман ба ёд овар ва бар ҳасби марҳамати бузурги Худ бар ман шафқат намо!


Ва овардани ҳадияи ҳезумро дар вақтҳои муайян, ва навбарҳоро низ. Маро, эй Худои ман, ба некӯӣ ба ёд овар!


Эй Худои ман, ҳар он чи ман барои ин қавм ба амал овардаам, ба некӯии ман ба ёд овар!


Муроди дилашро ба ӯ ато фармудаӣ, ва талабҳои лабонашро рад накардаӣ. Село.


Ва Худо ба дояҳо марҳамат кард; ва қавм афзоиш ёфта, бағоят пурзӯр гардиданд.


Касе ки бенаворо ба танг оварад, Офаринандаи ӯро хорӣ медиҳад, вале касе ки ба мискин марҳамат мекунад, Ӯро ҷалол медиҳад.


Касе ки ба бенаво марҳамат кунад, ба Худованд қарз медиҳад, ва Ӯ мукофоти некии варо ба вай адо мекунад.


Нони худро ба об парто, чунки пас аз рӯзҳои бисьёр онро хоҳӣ ёфт.


Оё ба ивази некӣ бадӣ мекунанд? Онҳо, охир, барои ҷони ман чоҳ мекананд. Ба ёд овар, ки ман ба ҳузури Ту истода будам, то ки дар бораи онҳо суханони нек гуфта, ғазаби Туро аз онҳо баргардонам.


Худованд чунин мегӯяд: «Овози худро аз навҳа, ва чашмони худро аз ашк нигоҳ дор, зеро ки барои заҳмати худ подош хоҳӣ гирифт, — мегӯяд Худованд, — ва онҳо аз замини душман хоҳанд баргашт.


Ва ҳар кӣ яке аз ин хурдонро фақат як пиёла оби сард бинӯшонад, чунки исми шогирд дорад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки мукофоти худро аз даст нахоҳад дод».


Ба вай гуфтанд: „Касе моро киро накард“. Ба онҳо гуфт: „Шумо низ ба токзори ман равед, ва он чи ҳаққи шумо бошад, ба шумо хоҳам дод“.


Ҳамчунин он ки ду талант гирифта буд, ду таланти дигар ба даст овард;


Ва ҳар кӣ ба исми Ман шуморо, аз он рӯ ки пайрави Масеҳ ҳастед, косаи обе бинӯшонад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, мукофоти худро зоеъ нахохад кард.


Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад».


Ва гуфт: „Эй Корнилюс! Дуоҳои ту мустаҷоб шуд ва садақоти ту дар ҳузури Худо зикр ёфт;


Ӯ бар вай нигариста ва ба ҳарос афтода, гуфт: «Худовандо, чӣ мефармоӣ?» Ба ҷавоби ӯ гуфт: «Дуоҳо ва садақоти ту дар ҳузури Худо зикр ёфтаанд;


Он гоҳ шогирдон қарор доданд, ки ҳар яке алоқадри дороии худ ионате барои бародарони сокини Яҳудо равона кунад;


Дар рафъи эҳтиёҷоти муқаддасон иштирок кунед; дар меҳмоннавозӣ бикӯшед.


Дар бораи хизмате ки ба мадади муқаддасон аст, ба шумо навиштанам зиёдатист,


Зеро ки шумо, эй бародарон, ба озодӣ даъват шудаед, фақат ин ки озодӣ баҳонае барои ҳавасҳои ҷисм нашавад, балки ба якдигар бо муҳаббат хизмат кунед.


Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамият дорад ва на номахтунӣ, балки имоне ки бо муҳаббат амал мекунад.


Аз ин рӯ, то даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем, алалхусус ба аҳли имони худ.


Ӯ Кӯҳпора аст, амалиёти Ӯ комил аст, зеро ки ҳамаи роҳҳои Ӯ одилона аст; Ӯ Худои амин аст ва ноинсофӣ надорад, Ӯ одил ва ҳаққонист.


Ва ҳар он чи бо сухан ё амал мекунед, ҳамаашро ба исми Исои Масеҳи Худованд ба ҷо оварда, ба василаи Ӯ Худои Падарро шукр гӯед.


Ва доимо кори имон ва меҳнати муҳаббат ва сабри умеди шуморо, ки ба Худованди мо Исои Масеҳ доред, ба ҳузури Худо ва Падари мо ба ёд меоварем,


Бигзор онҳо некӣ кунанд ва аз аъмоли нек сарватманд шаванд, валинеъмат ва одамдӯст бошанд


Ва акнун барои ман тоҷи адолат муҳайё гардидааст, ки онро Худованд, Довари одил, дар он рӯз ба ман хоҳад дод; ва на танҳо ба ман, балки низ ба ҳамаи онҳое ки зуҳури Ӯро дӯст доштаанд.


Айёми пештараро ба хотир оваред, ки шумо, баъд аз равшан шудани фикратон, бори гарони уқубатҳоро бардоштед,


Инчунин инсондӯстӣ ва саховатро аз хотир набароред, зеро ки ин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меояд.


Агар мо гуноҳҳои худро эътироф кунем, Ӯ амин ва одил аст, ки гуноҳҳои моро биомурзад ва моро аз ҳар ноинсофӣ пок намояд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan