Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 5:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва камол ёфта, барои ҳамаи мутеони Худ сабабгори наҷоти ҷовидонӣ гардид,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

9 Ба воситаи ҳамин Исо саркоҳини комил гардида, барои ҳамаи итоаткоронаш Худ сарчашмаи наҷоти абадӣ гардид.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 5:9
39 Iomraidhean Croise  

Ҳар гуна суханони фосидонаро дӯст медорӣ, эй забони ҳилагар!


Ва одилон инро дида, ҳаросон хоҳанд шуд, ва ба ҳоли вай хоҳанд хандид:


Ба Ман руҷӯъ намоед ва наҷот хоҳед ёфт, эй тамоми ақсои замин! Зеро ки Ман Худо ҳастам, ва дигаре нест.


Ва Ӯ мегӯяд: «Азбаски Ту бандаи Ман хоҳӣ буд, чизи саҳл аст, ки сибтҳои Яъқубро аз нав барқарор намоям ва бақияҳои Исроилро баргардонам, балки ҳамчунин Туро нури халқҳо хоҳам гардонид, то ки наҷоти Ман то ақсои замин бирасад».


Кист аз шумо, ки аз Худованд метарсад ва ба овози Бандаи Ӯ гӯш медиҳад? Ҳар касе ки дар торикӣ қадамгузор буда, рӯшноӣ надошта бошад, бигзор ба исми Худованд таваккал намояд ва ба Худои худ такья кунад.


Гӯши худро хам карда, назди Ман биёед; бишнавед, то ки ҷони шумо зинда шавад; ва Ман ба шумо аҳди ҷовидонӣ, яъне марҳаматҳои боэътимоди Довудро хоҳам бахшид.


Ҳафтод ҳафтсола барои қавми ту ва барои шаҳри муқаддаси ту муқаррар карда шудааст, то ки ҷиноят хотима ёбад, ва гуноҳ нест шавад, ва маъсият кафорат шавад, ва адолати ҷовидонӣ барқарор шавад, ва рӯъёи набӣ муҷассам гардад, ва қудси қудсҳо тадҳин карда шавад.


Ва онҳое ки дар ҷойҳои дур мебошанд, омада, дар қасри Худованд бино хоҳанд кард, ва хоҳед донист, ки Худованди лашкарҳо маро назди шумо фиристодааст; ва ин ба вуқӯъ хоҳад омад, агар ба овози Худованд Худои худ бодиққат гӯш диҳед».


Ханӯз вай сухан мегуфт, ва инак абри дурахшандае бар онҳо соя андохт; ва инак овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст; Ӯро бишнавед».


Ба онҳо гуфт: «Биравед ва ба он рӯбоҳ бигӯед: „Инак, имрӯз ва фардо девҳоро берун мекунам ва беморонро шифо медиҳам, ва дар рӯзи сеюм саранҷом хоҳам ёфт“;


Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Ва сар фурӯ оварда, ҷон дод.


Вале Сарвари ҳаётро куштед, вале Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, ва мо шоҳидони он ҳастем.


Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, ва дар зери осмон ҳеҷ исми дигаре ба одамон ато нашудааст, то ки ба василаи он наҷот ёбем».


Мо шоҳидони Ӯ дар ин бобат ҳастем ва ҳамчунин Рӯҳулқудс аст, ки Онро Худо ба фармонбардорони Худ бахшидааст».


Ки ба воситаи Ӯ мо файз ва ҳаввориятро пайдо кардаем, то ки ба хотири исми Ӯ ҳамаи халқҳоро ба итоати имон дароварем,


Лекин на ҳама башоратро гӯш карданд. Зеро Ишаъё мегӯяд: «Худовандо! Кӣ ба ваъзи мо имон овардааст?»


Зеро ҷуръат намекунам чизе бигӯям ҷуз он чи Масеҳ ба воситаи ман дар бобати мутеъ кардани халқҳо бо сухан ва амал,


Вале онҳоеро, ки саркашӣ карда, ростиро рад менамоянд, ва мутеи норостӣ мешаванд, ба хашму ғазаб гирифтор хоҳад кард.


Аммо, Худоро шукр, ки агарчи пештар бандагони гуноҳ будед, ҳоло аз самими қалб ба ҳамон тарзи таълим мутеъ шудаед, ки худро ба он таслим кардаед.


Мо дасисаҳо ва ҳар баландгириро, ки бар зидди дониши Худо қиём мекунад, сарнагун месозем ва ҳар фикрро ба итоати Масеҳ асир мекунем,


Пас, эй маҳбубонам, модоме ки шумо ҳамеша фармонбардор будед, аз ин рӯ — на танҳо дар ҳузури ман, балки боз ҳам зиёдтар алҳол, дар вақти набудани ман, — бо тарсу ларз наҷоти худро ба амал оваред,


Дар оташи фурӯзон зуҳур намуда, аз онҳое ки Худоро намешиносанд ва ба башорати Худованди мо Исои Масеҳ итоат намекунанд, интиқом гирад.


Валекин Худи Худованди мо Исои Масеҳ ва Худо, Падари мо, ки моро дӯст доштааст ва тасаллии абадӣ ва умеди некро бо файз ато намудааст,


Бинобар ин ман ба ҳар чиз ба хотири баргузидагон сабр мекунам, то ки онҳо низ ба наҷоте ки дар Исои Масеҳ аст, бо ҷалоли абадӣ ноил шаванд.


Оё ҳамаи онҳо рӯҳҳои хизматгузор нестанд, ки барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки вориси наҷот хоҳанд шуд?


Чунки Худо барои мо чизи беҳтаре пешбинӣ намуда буд, то ки онҳо бе мо комил нагарданд.


Бо имон Иброҳим итоат намуд ба даъвате дар бораи рафтан ба мамлакате ки мебоист мерос мегирифт, ва ӯ рафт, ва намедонист ба куҷо меравад.


Ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст.


Зеро лозим буд, ки Ӯ, ки ҳама чиз барои Ӯст ва ҳама чиз аз Ӯст, барои ин ки фарзандони бисьёрро ба ҷалол бирасонад, Пешвои наҷоти онҳоро ба воситаи уқубатҳо комил гардонад.


Чӣ гуна мо халос мешавем, агар ба чунин наҷоти бузург беэътиноӣ кунем, ки онро аввал Худованд мавъиза намуд ва баъд онҳое ки аз Ӯ шунидаанд, дар миёни мо тасдиқ кардаанд,


Ва на ба воситаи хуни бузҳо ва говҳо, балки ба воситаи Хуни Худ як бор ба кудс дохил шуда, кафорати абадӣ пайдо кард.


Бинобар ин Ӯ Миёнарави аҳди ҷадид аст, то ки пас аз мамоти Ӯ, ки он барои кафорати ҷиноятҳои замони аҳди якум вокеъ шудааст, даъватшудагон мероси абадии мавъудро пайдо кунанд.


Ончунон Масеҳ низ як бор Худро барои бардоштани гуноҳҳои бисьёр касон қурбонӣ намуда, бори дуюм на аз барои татҳири гуноҳ зоҳир хоҳад шуд, балки барои онҳое ки Ӯро интизор доранд, то наҷот ёбанд.


Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред,


Валекин мо медонем, ки Писари Худо омада, ба мо ҳирад бахшид, то ки ҳақро дарк кунем, ва мо дар ҳақ, дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти ҷовидонӣ мебошад.


Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред ва марҳамати Исои Масеҳи Худованди моро, ки ҳаёти ҷовидонӣ меоварад, мунтазир бошед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan