Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 5:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Дар айёме ки Ӯ дар ҷисм буд, ба Он ки метавонист Ӯро аз мамот наҷот диҳад, бо фиғони пурзӯр ва бо ашкрезӣ дуо ва тазаррӯъ намуд, ва ба хотири таъзиму такрими Худ иҷобат карда шуд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

7 Масеҳ ҳангоми ҳаёти заминиаш бо фарёдҳои баланд ва ашкрезиҳо ба Ҳамоне, ки қудрати аз марг халос кардани Ӯро дошт, дуо ва илтиҷо кард. Дуояш ба хотири худотарс буданаш мустаҷоб шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 5:7
38 Iomraidhean Croise  

Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд барои ёдоварӣ.


Суруди таълимии Эйтони Эзроҳӣ.


Худованд чунин мегӯяд: «Дар ҳини марҳамат Туро иҷобат намудаам, ва дар рӯзи наҷот Туро ёварӣ додаам, ва Туро нигаҳбонӣ хоҳам кард, ва Туро қавми аҳд хоҳам гардонид, то ки заминро аз нав барқарор намоям ва меросҳои валангоршударо ба ворисон баргардонам,


Ӯ аз заҳмати ҷони Худ самар дида, қонеъ хоҳад шуд; Бандаи Одили Ман бо дониши Худ мардуми бисьёреро сафед хоҳад кард, ва гуноҳҳои онҳоро бар дӯши Худ хоҳад бардошт.


Ӯ манфур буд ва радди мардум, дардманд ва ранҷур, ва мисли касе ки аз вай рӯй мегардонанд; Ӯ манфур буд, ва мо Ӯро писанд намекардем.


Ва онро ӯ ба писарони Ҳорун, коҳинон, мебиёрад, ва коҳин аз он, яъне аз орди маҳинаш, ва равғанаш, бо тамоми лебӯнояш, як мушти пур мегирад, ва онро ҳамчун ҳиссаи ёдгорӣ бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Ва наздик ба соати нӯҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада гуфт: «Элӣ, Элӣ! Ламма сабақтанӣ?» Яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?»


Исо боз бо овози баланде фарьёд зада, ҷон дод.


Ва дар соати нӯҳум Исо бо овози баланд фарьёд зада, гуфт: «Элӯҳӣ, Элӯҳӣ! Ламма сабақтанӣ?», яъне: «Худои Ман, Худои Ман! Чаро Маро тарк кардаӣ?»


Лекин Исо садои баланде бароварда, ҷон дод.


Ва Исо бо овози баланд нидо карда, гуфт: «Эй Падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам». Ва инро гуфта, ҷон дод.


Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст.


Исо гирья кард.


Ва Ман медонистам, ки ҳамеша сухани Маро мешунавӣ; лекин барои мардуме ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то имон оваранд, ки Ту Маро фиристодаӣ».


Исо, чун инро гуфт, чашмони Худро сӯи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар! Соат расидааст: Писари Худро ҷалол деҳ, то ки Писарат низ Туро ҷалол диҳад.


Зеро, азбаски шариат бо айби ҷисм суст шуда, ноилоҷ монда буд, Худо Писари Худро ба сурати ҷисми пургуноҳ ва барои гуноҳ фиристода, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард,


Вале ҳамин ки пуррагии замон даррасид, Худо Писари Худро фиристод, ки Ӯ аз зан таваллуд ёфта, зери дасти шариат буд,


Ва бечуну чаро бузург аст сирри диндорӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд, дар Рӯҳ тасдиқ гардид, ба василаи фариштаҳо дида шуд, дар миёни халқҳо мавъиза карда шуд, дар ҷаҳон бо имон пазируфта шуд, дар ҷалол боло бароварда шуд.


Ба ҳасби ҳамин ирода мо ба василаи қурбонии якбораи ҷисми Исои Масеҳ тақдис ёфтаем.


Бинобар ин Масеҳ ба ҷаҳон дохил шуда, мегӯяд: «Қурбонӣ ва ҳадияро Ту нахостӣ, балки бадане барои Ман муҳайё намудӣ;


Бо имон Нӯҳ дар хусуси чизе ки ҳанӯз намоён набуд, ваҳй ёфта, бо тарси Худо барои наҷот додани аҳли байти худ киштие бисохт; бо он ӯ ҷаҳонро маҳкум намуд ва вориси адолате гардид, ки аз имон аст.


Пас мо малакутеро, ки ба ларза намеафтад, қабул намуда, файзро маҳфуз хоҳем дошт ва бо он Худоро ба таври писандида бо таъзиму такрим ва тарс ибодат хоҳем кард,


Ва Худои осоиштагӣ, ки Чӯпони бузурги гӯсфандон — Исои Худованди моро бо хуни аҳди абадӣ аз мурдагон ба по хезонд,


Ва азбаски фарзандон ба ҷисм ва хун шарокат доранд, Ӯ низ шарики инҳо гардид, то ки ба воситаи мамот соҳиби қудрати мамотро, яъне иблисро нобуд намояд.


Ва ҳар рӯҳе ки инкор кунад, ки Исои Масеҳ ба ҳасби ҷисм омад, аз Худо нест, балки рӯҳи зиддимасеҳ аст, ки дар бораи он шумо шунидаед, ки он меояд, ва он акнун дар ҷаҳон аст.


Зеро бисьёр фиребгарон дар дуньё пайдо шудаанд, ки Исои Масеҳи ба ҳасби ҷисм омадаро эътироф намекунанд: чунин шаҳс фиребгар ва зиддимасеҳ аст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan