Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 5:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва ба ин сабаб бояд ҳам барои қавм ва ҳам барои худаш қурбонии гуноҳҳоро тақдим кунад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

3 Аз ин рӯ саркоҳин бояд на фақат барои гуноҳҳои халқ, балки барои гуноҳҳои худ низ қурбонӣ кунад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 5:3
10 Iomraidhean Croise  

Ва нарбузи қурбонии гуноҳро, ки барои қавм аст, забҳ мекунад, ва хуни онро ба пушти парда меоварад, ва бо хунаш ончунон амал мекунад, ки бо хуни гӯсола амал карда буд, ва онро бар сарпӯш ва пеши сарпӯш мепошад;


Ва Ҳорун гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, тақдим карда, худаш ва аҳли байташро кафорат менамояд;


Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ба қурбонгоҳ наздик биё, ва қурбонии гуноҳи худ ва қурбонии сӯхтании худро тақдим карда, барои худат ва барои ҷамоат кафорат намо; ва қурбонии қавмро тақдим карда, барои онҳо кафорат намо, чунон ки Худованд амр фармудааст».


Зеро ки дар аввал он чиро, ки низ қабул кардаам, ба шумо супурдаам, ки яъне Масеҳ, мувофиқи Навиштаҳо, барои гуноҳҳои мо мурд,


Аммо Ӯ як қурбониро ба сурати абадӣ барои гуноҳҳо тақдим намуда, ба ямини Худо бинишаст,


Ки эҳтиёҷ надорад ҳар рӯз, мисли он саркоҳинон, аввал барои гуноҳҳои худаш, баъд барои гуноҳҳои қавм қурбониҳо тақдим кунад, зеро ки инро Ӯ як бор ба амал овард, вақте ки Худро ба унвони қурбонӣ тақдим кард.


Аммо ба қисми дуюми хайма соле як бор фақат саркоҳин медарояд, он ҳам бе хун не, ки онро барои худаш ва барои хатокориҳои қавм қурбонӣ мекунад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan