Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 5:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ки вай метавонад ба ҷоҳилон ва гумроҳон ғамҳорӣ намояд, чунки худаш низ гирифтори заъф аст,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

2 Ӯ ба онҳое, ки надониста гуноҳ мекунанд ё гумроҳ мешаванд, метавонад, бо дилсӯзӣ муносибат кунад, чунки аз худаш ҳам хатоӣ сар мезанад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 5:2
24 Iomraidhean Croise  

Аз роҳе ки ба онҳо амр фармудаам, зуд дур шудаанд, гӯсолаи рехтае барои худ сохта, пеши он саҷда бурдаанд ва барои он забҳ карда, гуфтаанд: „Ин аст худои ту, эй Исроил, ки туро аз замини Миср берун овард!“»


Ва онҳое ки рӯҳашон гумроҳ аст, аз хирад воқиф хоҳанд шуд, ва норизоён дарси ибрат хоҳанд омӯхт».


Аз роҳ дур шавед, аз тариқ берун равед, Куддуси Исроилро аз пеши мо дур кунед!»


Аммо Ман барои ту дуо гуфтам, то ки имонат таназзул накунад; ва ту як вақте, руҷӯъ намуда, бародарони худро устувор гардон».


Агар фахр кардан лозим бошад, аз заъфи худ фахр мекунам.


Аз чунин шахс фахр хоҳам кард; лекин аз худам, ҷуз аз заъфҳоям, фахр намекунам.


Шумо медонед, ки ман дар заъфи ҷисм ба шумо дафъаи аввал башорат додам;


Ақлашон тира гардида, онҳо аз ҳаёти Худо бегона шудаанд, ба сабаби ҷаҳолат ва дилсахтие ки ба онҳо хос аст.


Маро, ки пештар куфргӯ ва таъқибкунанда ва озордеҳ будам, лекин сазовори марҳамат гардидам, чунки аз рӯи нодонӣ, дар беимонӣ амал мекардам;


Ва барои пойҳои худ роҳҳои рост кушоед, то он чи мелангад, бероҳа нагардад, балки ба хубӣ шифо ёбад.


Бинобар ин Ӯ мебоист аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд мешуд, то ки Саркоҳини раҳим ва амине ба ҳузури Худо бошад, барои он ки гуноҳҳои қавмро кафорат кунад,


Зеро, чӣ тавре ки Худи Ӯ аз озмоиш гузашта, уқубат кашидааст, ба озмудашавандагон низ метавонад мадад расонад.


Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки Ӯ монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гуноҳ накард.


Зеро ки шариат одамони гирифтори заъфро коҳин таъин мекунад, вале каломи қасам, ки баъд аз шариат омад, Писареро, ки то абад комил шудааст, таъин кард.


Аммо ба қисми дуюми хайма соле як бор фақат саркоҳин медарояд, он ҳам бе хун не, ки онро барои худаш ва барои хатокориҳои қавм қурбонӣ мекунад.


Эй бародарон! Агар касе аз шумо аз ростӣ сар печад, ва касе ӯро баргардонад,


Зеро ки шумо мисли гӯсфандони гумшудае будед, лекин ҳоло сӯи Чӯпон ва Нозири ҷонҳои худ баргаштаед.


Вале онҳо ба доварони худ низ итоат надоштанд, зеро ки гумроҳ шуда, худоёни дигарро пайравӣ мекарданд ва ба онҳо саҷда мебурданд; аз роҳе ки падаронашон бо он рафтор намуда, ба аҳкоми Худованд итоат мекарданд, бо зудӣ дур шуданд, ва мисли онҳо амал накарданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan