Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 5:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Вале ғизои сахт барои касонест, ки ба камол расидаанд, ки ҳиссиёташон ба василаи малака ба фарқ кардани неку бад омӯхта шудааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

14 Аммо чунон ки хӯроки боқувват барои калонсолон аст, таълимоти боқувват низ барои онҳоест, ки ба камол расидаанд. Чунки онҳо барои сиёҳро аз сафед фарқ кардан ботаҷриба шудаанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 5:14
24 Iomraidhean Croise  

Балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд».


Ва канизи ту ба дили худ гуфт: „Сухани оғоям подшоҳ сабаби тасаллӣ хоҳад шуд“, зеро ки оғоям подшоҳ мисли фариштаи Худост, то ки нек ва бадро дарк намояд. Ва Худованд Худои ту бигзор бо ту бошад».


Ва Худо ба ӯ гуфт: «Азбаски ту ин чизро талабидӣ, ва барои худ айёми дуру дароз талаб накардӣ, ва барои худ сарват талаб накардӣ, ва ҷони душманонатро талаб накардӣ, балки барои худ хирад талабидӣ, то ки инсофро фаҳм намоӣ, —


Пас, ба бандаи Худ дили бохирад ато намо, то ки қавми Туро доварӣ кунам, ва ба фарқи байни нек ва бад сарфаҳм равам, зеро кист, ки ин қавми сершумори Туро доварӣ тавонад кунад?»


Оё гӯш суханонро намесанҷад, чунон ки ком таъми хӯрокро фарқ мекунад?


Зеро ки гӯш суханонро месанҷад, чунон ки ком таъми хӯрокро фарқ мекунад.


Оё дар забони ман ноинсофӣ ҳаст? Магар коми ман суханони фитнаангезро фарқ намекунад?


Равғанҳои атрафшони ту барои бӯидан хуб аст; исми ту мисли равғани атрафшони рехта мебошад; бинобар ин дӯшизагон туро дӯст медоранд.


Чунон ки дарахти себ дар миёни дарахтони ҷангал аст, ончунон маҳбуби ман дар миёни амрадон аст; дар сояи ӯ бо иштиёқ нишастам, ва меваи ӯ барои коми ман ширин аст.


Ӯ қаймоқ ва асал хоҳад хӯрд, то даме ки рад кардани чизи бад ва ихтиёр кардани чизи хубро ёд гирад.


Пас, комил бошед, чунон ки Падари шумо, ки дар осмон аст, комил аст».


Касеро, ки дар имон суст аст, қабул кунед бе он ки дар бораи ақидаҳо мубоҳиса намоед.


Аммо дар бораи ҳикмат мо дар миёни комилон сухан меронем, вале на дар бораи ҳикмати ин ҷаҳон ва мирони ин ҷаҳон, ки фано хоҳанд шуд,


Ва чашмони дили шуморо равшан созад, то шумо бидонед, ки умеди даъвати Ӯ аз чӣ иборат аст, ва сарвати ҷалоли мероси Ӯ барои муқаддасон чӣ гуна аст,


То даме ки ҳамаамон ба ягонагии имон ва шиносоии Писари Худо, ба дараҷаи шахси комил, ба андозаи бузургии пурраи Масеҳ бирасем,


Пас, ҳар касе аз мо, ки комил бошад, бояд ҳамин тавр фикр ронад; вале агар шумо фикри дигаре дошта бошед, Худо инро ҳам ба шумо ошкор ҳоҳад соҳт.


Ҳама чизро озмоиш кунед, чизи ҳубро нигоҳ доред.


Аммо аз қиссаҳои нолоиқи аҷузаҳо рӯй гардон, балки худро дар диндорӣ машқ деҳ;


Бинобар ин, таълимоти ибтидоии Масеҳро монда, сӯи камол шитоб кунем ва аз нав асос нагузорем ба тавба аз аъмоли беҷон ва ба имон ба Худо,


Зеро ки ҳамаи мо бисьёр пешпо мехӯрем. Касе ки дар суҳан пешпо намеҳӯрад, вай одами комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми ҷисмро бикашад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan