Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 5:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Зеро, мувофиқи дарозии замон, мебоист шумо муаллим мешудед, лекин аз нав ба шумо асосҳои аввалини каломи Худоро таълим додан лозим меояд, ва барои шумо шир даркор аст, на ғизои сахт.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

12 Шумо ки солҳои зиёд имондор ҳастед, кайҳо боз мебоист муаллими дигарон мешудед. Лекин ҳоло ба худи шумо муаллиме даркор аст, ки асосҳои таълимоти Худоро ба шумо омӯзонад. Шумо мисли кӯдаки навзод ҳастед, ки на ба хӯроки сахт, балки ба шир муҳтоҷед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 5:12
23 Iomraidhean Croise  

Ва машваратҳое ки Аҳитӯфал дар он айём медод, мисли он буд, ки касе каломи Худоро пурсида бошад; ҳар машварате ки Аҳитӯфал чи ба Довуд, чи ба Абшолӯм медод, ҳамин тавр буд.


Чунки Эзро дили худро ба он моил карда буд, ки Тавроти Худовандро маънидод кунад, ва онро ба амал оварад, ва фароиз ва аҳкоми шариатро ба Исроил таълим диҳад.


Шоҳидони бадкин бархостаанд: он чи намедонам, аз ман мепурсанд;


Пас, каломи Худованд барои онҳо фармон бар фармон, фармон бар фармон, дастур бар дастур, дастур бар дастур, андаке ин ҷо, андаке он ҷо хоҳад буд, то ки пуштнокӣ рафта, фурӯ ғалтанд, ва шикаст хӯранд, ва ба дом афтанд, ва мубтало шаванд.


«Эй ҳамаи ташнагон, сӯи обҳо биёед! Ва эй онҳое ки нуқра надоред, биёед, бихаред, ва бихӯред! Ва омада, бе нуқра ва бе баҳо шароб ва шир бихаред!


Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимон ва каҷрафтор! То кай бо шумо бошам? То ба кай шуморо тоқат кунам? Вайро ин ҷо назди Ман биёред».


Ӯ ба ҷавоби вай гуфт: «Эй насли беимон! То кай бо шумо бошам? То ба кай шуморо тоқат кунам? Вайро назди Ман биёред».


Ин ҳамон аст, ки дар ҷамоат дар биёбон бо фариштае ки дар кӯҳи Сино бо ӯ суҳан гуфт, ва бо падарони мо буд, ва калимоти зиндаро қабул кард, то ки ба мо бирасонад,


Бартарии бузурге аз ҳар ҷиҳат, ва пеш аз ҳама аз он ҷиҳат, ки ба дасташон каломи Худо супурда шудааст.


Лекин дар калисо гуфтани панҷ калимаро бо ақли худ, то ки дигаронро насиҳат кунам, афзал медонам аз он ки як олам калимаро ба забоне бигӯям.


Эй бародарон! Дар ақл мисли кӯдакон набошед; нисбат ба шарорат чун навзодон рафтор кунед, лекин дар ақл болиғ бошед.


Ҳамчунин мо, то даме ки кӯдак будем, ғуломи аносири ҷаҳон будем;


Пас, эй бародаронам, дар Худованд шод бошед. Айни ҳамон нуктаро ба шумо навиштанам барои ман гарон нест, лекин барои шумо кувватбахш аст.


Бигзор каломи Масеҳ андаруни шумо ба фаровонӣ сокин шавад, ва якдигарро бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ таълим диҳед ва насиҳат кунед, ва бо файз дар дилҳои худ барои Худованд бисароед.


Айёми пештараро ба хотир оваред, ки шумо, баъд аз равшан шудани фикратон, бори гарони уқубатҳоро бардоштед,


Дар ин хусус мебоист бисьёр суҳан мерондем, лекин фаҳмондани он душвор аст, чунки гӯшҳои шумо вазнин шудааст.


Зеро ҳар кӣ ширхӯр аст, аз каломи адолат бехабар аст, чунки кӯдак аст;


Бинобар ин, таълимоти ибтидоии Масеҳро монда, сӯи камол шитоб кунем ва аз нав асос нагузорем ба тавба аз аъмоли беҷон ва ба имон ба Худо,


Чун кӯдакони навзод муштоқи шири поки калом бошед, то ки аз он барои наҷот нашъунамо ёбед,


Касе агар сухане ба забон ронад, бигзор ҳамчун суханони Худо ба забон ронад; касе агар хизмат кунад, бигзор мувофиқи қуввате ки Худо ба вай медиҳад, хизмат кунад, то ки дар ҳама чиз Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҷалол ёбад, ки Ӯро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan