Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 4:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Зеро ки башорат ба мо низ, чунон ки ба онҳо, мавъиза карда шуд; аммо ба онҳо каломе ки шуниданд, фоидае набахшид, чунки бо имони шунавандагон напайваст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

2 Зеро ин хушхабар ба мо низ ҳамон тарзе эълон шудааст, ки ба аҷдодонамон эълон шуда буд. Лекин ба онҳо шунидаашон фоида набахшид, чунки ба имони онҳое, ки ба ин хабар гӯш карданд, шарик нашуданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 4:2
20 Iomraidhean Croise  

Он гоҳ Павлус ва Барнаббо далер шуда, гуфтанд: «Воҷиб буд, ки каломи Худо аввал ба шумо мавъиза карда шавад, лекин азбаски шумо онро рад кардед ва худро шоистаи ҳаёти ҷовидонӣ надонистед, бинобар ин мо ба гайрияҳудиён рӯ меоварем;


Худо Писари Худ Исоро муваккал карда, аввал назди шумо фиристод, то ки Ӯ ҳар якеро аз роҳҳои шароратомези шумо баргардонида, шуморо баракат диҳад».


Хатна фоиданок аст, ба шарте ки шариатро риоя кунӣ; аммо агар шариатро вайрон кунӣ, махтунии ту ба номахтунӣ мубаддал шуд.


Зеро ки чӣ гӯем? Агар баъзеашон бевафо бошанд, оё бевафогии онҳо вафои Худоро ботил мекунад?


Ва агар тамоми дороии худро тақсим кунам ва ҷисми ҳудро ба сӯхтан диҳам, лекин муҳаббат надошта бошам, — ҳеҷ манфиате намебинам.


Фақат инро аз шумо фаҳмидан мехоҳам: оё шумо Рӯҳро аз аъмоли шариат қабул кардаед, ё ки аз мавъизаи имон?


Ва Навиштаҳо чун пешбинӣ намуд, ки Худо халқҳоро ба воситаи имон сафед мекунад, пешакӣ ба Иброҳим башорат дода, гуфт: «Дар ту ҳамаи халқҳо баракат хоҳанд хост».


Шумо медонед, ки ман дар заъфи ҷисм ба шумо дафъаи аввал башорат додам;


Вале дар ин бобат шумо ба Худованд Худои худ имон надоштед,


Зеро ки башорати мо назди шумо на танҳо дар суҳан, балки низ дар қувват ва дар Рӯҳулқудс ва дар эътимоди бузурге буд; ва шумо медонед, ки мо дар миёни шумо барои шумо чӣ гуна будем.


Ба ни сабаб мо низ пайваста Худоро шукргузорӣ мекунем, ки чун шумо каломи Худоро аз мо шунида қабул кардед, онро на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст ва он дар шумо, имондорон, амал мекунад.


Зеро ки машқи ҷисмонӣ кам фоида дорад, вале диндорӣ барои ҳама чиз фоиданок аст, ки ваъдаи ҳаёти ҳозира ва ояндаро дорад.


Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод.


Эй бародарон, бохабар бошед, ки касе аз шумо дили шарир ва беимоне ки аз Худои Ҳай рӯй мегардонад, надошта бошад,


Пас, дар сурате ки баъзе касон имконият доранд ба он дохил шаванд, вале онҳое ки башорат барояшон пештар мавъиза карда шуда буд, аз боиси беитоатӣ дохил нашуданд, —


Бинобар ин ҳар нопокӣ ва бақияи бадиро як сӯ гузошта, каломеро, ки дар шумо кошта шудааст, бо фурӯтанӣ қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад.


Ба онҳо ошкор шуда буд, ки на ба худашон, балки ба мо хизмат кардаанд дар хусуси он чи ҳоло ба шумо мавъиза шудааст ба воситаи онҳое ки бо Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба шумо башорат додаанд, яъне он чи, ки фариштагон мехоҳанд андарунаш назар андозанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan