Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 4:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва Ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

14 Пас биёед имони эълон мекардаамонро маҳкам нигоҳ дорем. Охир саркоҳине, ки мо дорем, он чунон бузург аст, ки аз қабатҳои осмон гузашта рост ба даргоҳи Худо дохил шудааст ва ин саркоҳин Писари Худо Исо аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 4:14
31 Iomraidhean Croise  

Ва раис андаруни онҳо бояд бошад: ҳангоме ки онҳо дохил мешаванд, ӯ низ дохил шавад, ва ҳангоме ки онҳо берун мераванд, ӯ низ берун равад.


Ва озмоишкунанда назди Ӯ омада, гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин сангҳо бигӯй, ки нон шаванд».


Ибтидои Инҷили Исои Масеҳ, Писари Худо,


Ва Худованд, пас аз он ки ба онҳо сухан гуфт, ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишаст.


Ва ҳангоме ки онҳоро баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон сууд кард.


Ва гуфтанд: «Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода, сӯи осмон нигаронед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чӣ тавре ки Ӯро сӯи осмон равона дидед, боз ҳамон тавр хоҳад баргашт».


То замони таҷдид кардани ҳама чиз мутобиқи он чи Худо бо забони анбиёи муқаддаси Худ аз азал гуфтааст, мебоист осмон Ӯро қабул мекард.


Кӣ маҳкум мекунад? Оё Масеҳе ки мурдааст, вале боз эҳьё шудааст? Оё Ӯ, ки ба ямини Худо нишастааст? Оё Ӯ, ки дар ҳаққи мо шафоат мекунад?


Шахсеро дар Масеҳ мешиносам, ки чордаҳ сол пеш аз ин, — оё дар ҷисм буд, намедонам; оё берун аз ҷисм буд, намедонам, Худо медонад, — то осмони сеюм бурда шуд.


Зеро ки, дар натиҷаи ин хизмат, онҳо Худоро ҳамду сано мехонанд барои итоати шумо ба Инҷиле ки пайравӣ менамоед, ва барои ҳиммати шумо дар ширкате ки бо онҳо ва бо ҳама доред,


Он ки нузул карда буд, Ҳамон аст, ки болотар аз тамоми афлок сууд ҳам намуд, то ки ҳама чизро пур кунад.


Аммо дар бораи Писараш гуфта шудааст: «Тахти Ту, эй Худо, то абад аст, ва асои садоқат асои салтанати Туст.


Аммо Ӯ як қурбониро ба сурати абадӣ барои гуноҳҳо тақдим намуда, ба ямини Худо бинишаст,


Ва зътирофи умеди худро собитқадамона нигоҳ дорем, зеро ки Ваъдадиҳанда амин аст;


Пас, ба гумонатон, сазовори чӣ қадар ҷазои сахттар хоҳад буд шахсе ки Писари Худоро поймол мекунад ва Хуни аҳдро, ки аз он тақдис ёфтааст, азиз намедорад ва Рӯҳи файзро таҳқир менамояд?


Ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст.


Бинобар ин мо бояд ба он чи шунидаем, махсусан бодиққат бошем, то ки аз он дур нашавем.


Бинобар ин Ӯ мебоист аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд мешуд, то ки Саркоҳини раҳим ва амине ба ҳузури Худо бошад, барои он ки гуноҳҳои қавмро кафорат кунад,


Пас, эй бародарони муқаддас, ки дар даъвати осмонӣ шарик ҳастед, ба Расул ва Саркоҳини эътирофи мо — Исои Масеҳ назар дӯзед,


Зеро ки мо шарикони Масеҳ гардидаем, ба шарте ки асоси эътимоди худро то ба охир боматонат нигоҳ дорем,


Ки ба он ҷо пешгузаштаи мо — Исо дохил шуда, то абад Саркоҳин гардид ба монанди Малкисодақ.


Ва ҷудо шуда афтодаанд, — онҳоро аз нав ба роҳи тавба андохтан имконнопазир аст, зеро онҳо Писари Худоро ба зарари худашон боз маслуб мекунанд ва беобрӯ месозанд.


Бе падар, бе модар, бе насабнома, дар ҳолате ки на ибтидои айём дорад, на интиҳои ҳаёт, балки ба Писари Худо монанд буда, ба сурати абадӣ коҳин мемонад.


Дар он чи гуфта шуд, чизи асосӣ ин аст; мо чунон Саркоҳине дорем, ки Ӯ ба ямини тахти Кибриё дар афлок нишастааст,


Ва на ба воситаи хуни бузҳо ва говҳо, балки ба воситаи Хуни Худ як бор ба кудс дохил шуда, кафорати абадӣ пайдо кард.


Зеро Масеҳ на ба қудси бо дасти одам сохташуда, ки фақат тимсоли қудси ҳақиқист, балки ба худи осмон даромадааст, то ки ҳоло барои мо ба ҳузури Худо зоҳир шавад,


Ки Ӯ ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишастааст ва фариштаҳо ва ҳукуматдориҳо ва қудратҳо мутеи Ӯ шудаанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan