Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 3:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Аммо Масеҳ мисли Писар аст бар ҳонаи Ӯ; ва ҳонаи Ӯ мо ҳастем, ба шарте ки ҷуръат ва фахри умедро то ба охир боматонат нигоҳ дорем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

6 Масеҳ бошад, ҳамчун Писар ба хонаводаи Худо соҳиби вафодор аст. Ва хонадони Ӯ мо ҳастем, ба шарте ки бовариамонро дилпурона нигоҳ дорем ва хурсандона умедвори он чизҳое бошем, ки Худо бароямон мекунад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 3:6
46 Iomraidhean Croise  

Писарро иззат кунед, ки мабодо ба ғазаб ояд, ва шумо дар роҳ нобуд шавед; зеро ки ғазаби Ӯ зуд аланга хоҳад гирифт. Хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ паноҳ мебаранд!


Ва раис андаруни онҳо бояд бошад: ҳангоме ки онҳо дохил мешаванд, ӯ низ дохил шавад, ва ҳангоме ки онҳо берун мераванд, ӯ низ берун равад.


Ва аз барои исми Ман тамоми мардум аз шумо нафрат хоҳанд кард; лекин ҳар кӣ то ба охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.


Ва Ман ба ту мегӯям: ту Петрус ҳастӣ, ва бар ин сахра Ман калисои Худро бино мекунам, ва дарвозаҳои дӯзах бар он ғолиб нахоҳад шуд;


Лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.


Пас, меҳрубонӣ ва сахтгирии Худоро бубин: Ӯ сахтгир аст ба онҳое ки афтода ҷудо шудаанд, ва меҳрубон аст ба ту, агар дар меҳрубонии Ӯ бимонӣ; вагар на ту низ бурида хоҳӣ шуд.


Аз умедворӣ тасаллӣ ёбед; дар мусибат пуртоқат бошед; ҳамеша дуо гӯед.


Пас, Худои умед бигзор шуморо дар имонатон аз ҳар гуна шодӣ ва сулҳу осоиштагӣ пур кунад, то ки бо қуввати Рӯҳулқудс умедатон афзун гардад.


Ки ба воситаи Ӯ мо бо имон сӯи ин файзе роҳ ёфтаем, ки дар он истодаем ва бо умеди ҷалоли Худо меболем.


Оё шумо намедонед, ки маъбади Худо ҳастед, ва Рӯҳи Худо дар шумо сокин аст?


Оё намедонед, ки ҷисмҳои шумо маъбади Рӯҳулқудс аст, ки Он дар шумо сокин аст, ва Онро шумо аз Худо ёфтаед, ва шумо аз они худатон нестед?


Ва маъбади Худо бо бутҳо чӣ мувофиқат дорад? Зеро ки шумо маъбади Худои Ҳай ҳастед, чунон ки Худо гуфтааст: «Андаруни онҳо сокин шуда, дар миёни онҳо роҳ хоҳам рафт; ва Худои онҳо хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд.


Аз ин рӯ, то даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем, алалхусус ба аҳли имони худ.


Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем.


Ки ба василаи Ӯ ва ба воситаи имони мо ба Ӯ иҷозат дорем бо ҷасорату эътимод наздик шавем.


Фақат ба шарте ки шумо дар имон матин ва устувор бошед ва аз умеди башорате ки шунидаед, ҷудо нашавед, ки он ба тамоми махлуқоти зери осмон мавъиза карда шудааст, ва ман, Павлус, хизматгузори он гардидаам.


Валекин Худи Худованди мо Исои Масеҳ ва Худо, Падари мо, ки моро дӯст доштааст ва тасаллии абадӣ ва умеди некро бо файз ато намудааст,


Аммо агар даранг кунам, туро лозим аст бидонӣ, ки чӣ гуна дар хонаи Худо рафтор намоӣ, ки он Калисои Худои Ҳай, рукн ва буньёди ростист.


Дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд, ки Ӯро вориси ҳама чиз таъин намуд ва оламҳоро низ ба воситаи Ӯ ба вуҷуд овард.


Пас, эй бародарон, модоме ки мо ҷуръат дорем ба қудс ба василаи Хуни Исои Масеҳ,


Ва модоме ки мо Коҳини муаззаме бар хонаи Худо дорем,


Ва зътирофи умеди худро собитқадамона нигоҳ дорем, зеро ки Ваъдадиҳанда амин аст;


Пас умеди худро тарк накунед, ки мукофоти бузурге ба он тааллуқ дорад.


Имон эътиқоди қавӣ ба чизҳоест, ки мо ба онҳо умед мебандем, ва боварӣ ба чизҳоест, ки намоён нестанд.


Зеро ки мо шарикони Масеҳ гардидаем, ба шарте ки асоси эътимоди худро то ба охир боматонат нигоҳ дорем,


Пас, саъю кӯшиш намоем, ки ба он оромӣ дохил шавем, мабодо касе гирифтори он беитоатии ибратомез шуда, фурӯ ғалтад.


Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва Ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем.


Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем.


Лекин орзумандем, ки ҳар яке аз шумо ҳамин ғайратро то ба охир нишон диҳед, то ки умедатон комилан ҳосил шавад;


То бо ду чизи тағьирнопазир, ки дар онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест, барои мо, ки паноҳ ёфтаем ва ба умеде ки пешниҳод шудааст, часпидаем, тасаллои пурзӯре бошад.


Чунки шариат ҳеҷ чизро ба камол нарасондааст; лекин умеди беҳтаре ҷои онро гирифт, ки ба василаи он мо ба Худо наздик меоем.


Шумо Ӯро надида дӯст медоред, ва агарчи Ӯро ҳанӯз надидаед, ба Ӯ имон меоваред ва бо шодмонии молокалом ва пур аз ҷалол шодӣ мекунед


Худатон низ, ҳамчун сангҳои зинда, аз худ ҳонаи рӯҳонӣ, каҳонати муқаддас барпо намоед, то ки қурбониҳои рӯҳонии мақбули Худоро ба василаи Исои Масеҳ тақдим кунед.


Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хоҳад буд?


Ва ба фариштаи калисои Тиётиро бинавис: «Писари Худо, ки чашмонаш мисли шӯълаи оташ аст, ва пойҳояш мисли миси барроқ аст, чунин мегӯяд:


Фақат он чи доред, маҳкам нигоҳ доред, то даме ки биёям.


Ва касе ки ғолиб ояд ва аъмоли Маро то ба охир риоят кунад, ба вай бар халқҳо қудрат хоҳам бахшид,


Инак, ба зудӣ меоям; он чи дорӣ, маҳкам нигоҳ дор, то ки касе тоҷи туро нагирад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan