4 Зеро ки ҳар хона меъмори худро дорад, валекин меъмори ҳама чиз Худост.
4 Ҳар хона бо дасти касе сохта мешавад, аммо бинокори ҳама чиз Худост.
Эстер қавми худ ва ақрабои худро маълум накард, зеро Мордахай ба вай амр фармуда буд, ки маълум накунад.
Агар подшоҳ салоҳ донад, бигзор барои нест кардани онҳо фармоне навишта шавад, ва ман даҳ ҳазор қурси нуқра ба дасти коргарон баркашида хоҳам дод, то ки ба хазоини подшоҳ биёваранд».
Дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд, ки Ӯро вориси ҳама чиз таъин намуд ва оламҳоро низ ба воситаи Ӯ ба вуҷуд овард.
Зеро Ӯ нисбат ба Мусо сазовори ҷалоли бештаре гардид, чунки меъмори ҳона, назар ба худи ҳона, эҳтироми бештаре дорад;
Ва Мусо дар тамоми ҳонаи Ӯ мисли хизматгузор амин буд, то шаҳодат диҳад дар бораи чизҳое ки дар оянда бояд гуфта шавад.