Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 2:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва Худо низ ба он шаҳодат дод ба воситаи аломот ва мӯъҷизот, ва ҳар навъ қувваҳо, ва бахшоиши Рӯҳулқудс ба ҳасби иродаи Худ?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

4 Дар айни замон, ки паёми наҷот ба мо дода шудааст, Худо рост буданашро бо аломоту корҳои аҷиб ва муъҷизаҳои гуногун тасдиқ кард. Инчунин ростии паёми наҷот ба воситаи атоҳои рӯҳоние тасдиқ мегардад, ки Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо ба ҳар касе, ки хоҳад, мебахшад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 2:4
18 Iomraidhean Croise  

Ва онҳо берун рафта, дар ҳар ҷо мавъиза мекарданд, ва Худованд ба онҳо мадад мерасонд ва бо аломоти баъдина каломро собит мегардонд.


Чун подшоҳ Ҳиродус шунид, — зеро номи Ӯ шӯҳрат ёфта буд, — гуфт, ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон эҳьё шудааст, ва аз ин сабаб мӯъҷизот аз вай ба зуҳур меояд.


Лекин чун Пуштибон, ки Ӯро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, биёяд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар содир мегардад, Ӯ бар Ман шаҳодат хоҳад дод;


Исо ба вай гуфт: «Агар аломот ва мӯъҷизот набинед, имон намеоваред».


Муддати дарозе дар он ҷо монда, дар бораи Худованд далерона сухан мегуфтанд, ва Ӯ ба каломи файзи Худ шаҳодат дода, ба василаи онҳо аломоту мӯъҷизот ато мекард.


Пас ба ҳамаи шумо ва ба тамоми қавми Исроил маълум бод, ки ба исми Исои Масеҳи Носирӣ, ки Ӯро шумо маслуб кардед, ва Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё намуд, — оре, ба исми Ӯ ин одам дар ҳузури шумо тандуруст истодааст:


Мо шоҳидони Ӯ дар ин бобат ҳастем ва ҳамчунин Рӯҳулқудс аст, ки Онро Худо ба фармонбардорони Худ бахшидааст».


Моро пешакӣ муайян намудааст, ки ба василаи Исои Масеҳ бар тибқи салоҳдиди иродаи Худ, ба фарзандӣ қабул кунад,


Сирри иродаи Худро ба мо маълум кардааст, бар тибқи салоҳдиди Худ, ки пештар дар Ӯ барқарор намуд.


Аммо ба ҳар яке аз мо файз ба андозаи атои Масеҳ бахшида шудааст.


Зеро касоне ки боре фикрашон равшан шудааст, ва бахшоиши осмониро чашидаанд, ва шарикони Рӯҳулқудс гардидаанд,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan