Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 2:17 - Китоби Муқаддас 1992 1999

17 Бинобар ин Ӯ мебоист аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд мешуд, то ки Саркоҳини раҳим ва амине ба ҳузури Худо бошад, барои он ки гуноҳҳои қавмро кафорат кунад,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

17 Вазифаи саркоҳин иборат аз он аст, ки ҳар сол барои гуноҳҳои тамоми халқ ба Худо қурбонӣ кунад. Пас барои саркоҳини раҳмдилу бовафо дар хизмати Худо шудан ба Исо лозим буд, ки аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд гардад. Танҳо дар ин сурат Ӯ қурбониеро, ки гуноҳҳои одамонро аз байн мебарад, тақдим карда метавонист.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 2:17
37 Iomraidhean Croise  

Ва коҳинон онҳоро куштанд, ва хуни онҳоро барои каффораи гуноҳҳо бар қурбонгоҳ пошиданд, то ки бар тамоми Исроил каффора шавад; зеро подшоҳ фармуда буд, ки қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии гуноҳҳо барои тамоми Исроил тақдим карда шавад.


Ва адолат миёнбанди камараш, ва садоқат камарбанди миёнаш хоҳад буд.


Ва як гӯсфанд аз рамаи дорои дусад сар гӯсфанд аз чарогоҳи сероби Исроил, барои ҳадияи ордӣ ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ бидиҳанд, то ки барояшон кафорат гардад, мегӯяд Худованд Худо.


Ва раис вазифадор аст қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордӣ ва ҳадияҳои рехтаниро дар идхо ва навмоҳҳо ва шанбеҳо, дар ҳамаи мавсимҳои хонадони Исроил бидиҳад; ӯ қурбонии гуноҳ ва ҳадияи ордӣ ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатиро барои кафорати хонадони Исроил хоҳад овард.


Ва дар рӯзи ҳафтуми моҳ барои ҳар касе ки саҳван ва ё аз рӯи соддадилӣ гуноҳ карда бошад, ҳамин тавр амал намо; ва хонаро кафорат кунед.


Ҳафтод ҳафтсола барои қавми ту ва барои шаҳри муқаддаси ту муқаррар карда шудааст, то ки ҷиноят хотима ёбад, ва гуноҳ нест шавад, ва маъсият кафорат шавад, ва адолати ҷовидонӣ барқарор шавад, ва рӯъёи набӣ муҷассам гардад, ва қудси қудсҳо тадҳин карда шавад.


Ва бақияи равғанеро, ки дар кафи дасти коҳин аст, ба сари шахси покшаванда мемолад, ва коҳин варо ба ҳузури Худованд кафорат менамояд.


Ва қудсро аз нопокиҳои банӣ‐Исроил ва аз ҷиноятҳои онҳо, ки дар ҳамаи гуноҳҳои онҳост, кафорат менамояд; ва бо хаймаи ҷомеъ низ, ки бо онҳо дар миёни нопокиҳои онҳо сокин аст, чунин амал мекунад.


Вале ҳар қурбонии гуноҳ, ки хунаш ба хаймаи ҷомеъ дароварда мешавад, то ки дар қудс кафорат намояд, набояд хӯрда шавад; он бояд дар оташ сӯзонида шавад.


Ва онро забҳ кард, ва Мусо хунро гирифт, ва бар шохҳои қурбонгоҳ гирдогирд бо ангушташ молид, ва қурбонгоҳро татҳир намуд, ва хунро бар буньёди қурбонгоҳ рехта, онро тақдис кард, то ки барояш кафорат намояд.


Ва коҳин тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро кафорат менамояд, ва онҳо омурзида хоҳанд шуд, зеро ки ин саҳв буд, ва онҳо қурбонии худро барои қурбонии оташини Худованд, ва қурбонии гуноҳи худро барои саҳви худ ба ҳузури Худованд тақдим кардаанд.


Пас, ман метавонам дар Исои Масеҳ пеши Худо ифтихор намоям;


Зеро ки агар бо Худо, ҳангоми душман будани худ, ба воситаи мамоти Писари Ӯ мусолиҳа карда бошем, — пас, алалхусус баъд аз мусолиҳа кардан, мо ба воситаи ҳаёти Ӯ наҷот хоҳем ёфт;


Ва ба воситаи салиб дар як ҷисм ҳар дуро бо Худо оштӣ диҳад ва адоватро бикушад.


Ва шуморо, ки як вақте, ба сабаби майл доштанатон ба аъмоли бад, бегона ва душман будед,


Ва модоме ки мо Коҳини муаззаме бар хонаи Худо дорем,


Зеро ки ҳам Тақдискунанда ва ҳам тақдисшавандагон, ҳама аз Ягона ҳастанд; ба ин сабаб Ӯ ор намекунад, ки онҳоро бародар хонад, ва мегӯяд:


Ва азбаски фарзандон ба ҷисм ва хун шарокат доранд, Ӯ низ шарики инҳо гардид, то ки ба воситаи мамот соҳиби қудрати мамотро, яъне иблисро нобуд намояд.


Зеро ки Ӯ фариштагонро дастгирӣ накардааст, балки насли Иброҳимро дастгирӣ кардааст.


Пас, эй бародарони муқаддас, ки дар даъвати осмонӣ шарик ҳастед, ба Расул ва Саркоҳини эътирофи мо — Исои Масеҳ назар дӯзед,


Ки Ӯ ба Он ки Ӯро таъин намуд, амин буд, чунон ки Мусо низ дар тамоми хонаи Ӯ амин буд.


Ва Мусо дар тамоми ҳонаи Ӯ мисли хизматгузор амин буд, то шаҳодат диҳад дар бораи чизҳое ки дар оянда бояд гуфта шавад.


Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва Ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем.


Зеро мо чунон саркоҳин надорем, ки дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки Ӯ монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гуноҳ накард.


Зеро ҳар саркоҳине ки аз миёни одамон интихоб шудааст, барои одамон ба хизмати Худо гузошта мешавад, то ки барои гуноҳҳо ҳадия ва қурбониҳо тақдим кунад,


Ва Худо Ӯро Саркоҳине ба монанди Малкисодақ ном ниҳод.


Ки вай метавонад ба ҷоҳилон ва гумроҳон ғамҳорӣ намояд, чунки худаш низ гирифтори заъф аст,


Ҳамчунин Масеҳ низ ҷалоли Саркоҳинро Худаш аз они Худ накардааст, балки Он ки ба Ӯ гуфтааст: «Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз Падари Ту шудаам»;


Ки ба он ҷо пешгузаштаи мо — Исо дохил шуда, то абад Саркоҳин гардид ба монанди Малкисодақ.


Зеро ки мо ба чунин Саркоҳин эҳтиёҷ дорем: муқаддас, аз бадӣ дур, беайб, аз гуноҳкорон ҷудо ва аз афлок болотар баромада,


Зеро ки шариат одамони гирифтори заъфро коҳин таъин мекунад, вале каломи қасам, ки баъд аз шариат омад, Писареро, ки то абад комил шудааст, таъин кард.


Дар он чи гуфта шуд, чизи асосӣ ин аст; мо чунон Саркоҳине дорем, ки Ӯ ба ямини тахти Кибриё дар афлок нишастааст,


Зеро ки ҳар саркоҳин барои тақдим кардани ҳадия ва қурбониҳо таъин мешавад; бинобар ин лозим буд, ки Ӯ низ чизе барои тақдим кардан дошта бошад.


Аммо Масеҳ ҳамчун Саркоҳини некиҳои оянда омада, ба воситаи хаймаи бузургтар ва мукаммалтаре ки бо дасти одам сохта нашудааст, яъне сохташ чунин нест,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan