Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 2:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Зеро ки ҳам Тақдискунанда ва ҳам тақдисшавандагон, ҳама аз Ягона ҳастанд; ба ин сабаб Ӯ ор намекунад, ки онҳоро бародар хонад, ва мегӯяд:

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

11 Охир ҳам Исо, ки Поккунандаи имондорон аст, ҳам имондорони покшаванда аз як Падаранд. Бино бар ин, Исо ор накарда онҳоро бародар хонда,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 2:11
19 Iomraidhean Croise  

Ва Подшоҳ дар ҷавоби онҳо хоҳад гуфт: „Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чи ба яке аз ин бародарони хурдтарини Ман кардаед, ба Ман кардаед“.


Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Натарсед; рафта, ба бародаронам хабар диҳед, ки ба Ҷалил раванд; ва дар он ҷо Маро хоҳанд дид».


Ва ба онҳое ки гирди Ӯ нишаста буданд, назар афканда, гуфт: «Инак модари Ман ва бародарони Ман;


Зеро, ҳар кӣ дар ин насли зинокор ва осӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам низ, ҳангоме ки бо фариштагони муқаддас дар ҷалоли Падари Худ меояд, аз вай шарм хоҳад кард».


Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам, ҳангоме ки дар ҷалоли Худ ва дар ҷалоли Падар ва фариштагони муқаддас меояд, аз вай шарм ҳохад кард;


Ва Худро барои онҳо тақдис мекунам, то ки онҳо низ бо ростӣ тақдис карда шаванд.


То ки ҳама як бошанд; чунон ки Ту, эй Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту, онҳо низ дар Мо як бошанд, — то ҷаҳон имон оварад, ки Ту Маро фиристодӣ.


Исо ба вай гуфт: «Ба Ман даст нарасон, зеро ки ҳанӯз назди Падари Худ сууд накардаам; лекин назди бародарони Ман рафта, ба онҳо бигӯ: Ман назди Падари Худ ва Падари шумо, назди Худои Худ ва Худои шумо сууд мекунам».


Ҳамаи қавмҳои насли одамизодро Ӯ аз як хун ба вуҷуд овардааст, то ки бар тамоми рӯи замин сокин шаванд, ва барои сукунати онҳо мӯҳлатҳо ва ҳудуди муайяне пешакӣ муқаррар кардааст,


Зеро ки мо дар Ӯ зиндагӣ ва ҳаракат мекунем ва вуҷуд дорем, чунон ки баъзе аз шоирони шумо низ гуфтаанд: „Мо фарзандони Ӯ ҳастем“.


Зеро ҳар киро, ки Ӯ пешакӣ шинохтааст, онҳоро низ пешакӣ муайян кардааст, ки ба сурати Писараш монанд шаванд, то ки Ӯ дар миёни бародарони бисьёр нахустзода бошад;


Вале ҳамин ки пуррагии замон даррасид, Худо Писари Худро фиристод, ки Ӯ аз зан таваллуд ёфта, зери дасти шариат буд,


Ба ҳасби ҳамин ирода мо ба василаи қурбонии якбораи ҷисми Исои Масеҳ тақдис ёфтаем.


Зеро ки Ӯ ба василаи як қурбонӣ тақдисшавандагонро то абад комил гардондааст.


Аммо иштиёқманди ватани беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст; бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад: зеро ки Ӯ барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст.


Бинобар ин Исо низ, барои он ки одамонро бо Хуни Худ тақдис намояд, берун аз дарвоза уқубат кашид.


Ва азбаски фарзандон ба ҷисм ва хун шарокат доранд, Ӯ низ шарики инҳо гардид, то ки ба воситаи мамот соҳиби қудрати мамотро, яъне иблисро нобуд намояд.


Пас, эй бародарони муқаддас, ки дар даъвати осмонӣ шарик ҳастед, ба Расул ва Саркоҳини эътирофи мо — Исои Масеҳ назар дӯзед,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan