Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 2:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Зеро лозим буд, ки Ӯ, ки ҳама чиз барои Ӯст ва ҳама чиз аз Ӯст, барои ин ки фарзандони бисьёрро ба ҷалол бирасонад, Пешвои наҷоти онҳоро ба воситаи уқубатҳо комил гардонад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

10 Худо ки ҳама чизро барои Худ офаридааст, мехост, фарзандони зиёдро ба шуҳрату ҷалолаш шарик гардонад. Барои ин Ӯ лозим донист, ки Исоро ба воситаи азобҳо роҳбари комиле гардонад, то ки фарзандонро ба сӯйи наҷот бурда расонад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 2:10
46 Iomraidhean Croise  

Калло ва ҳошо ба Ту, ки коре мисли ин бикунӣ, ки одилро бо шарир бикушӣ, ва одилу шарир баробар бошанд; калло ва ҳошо ба Ту! Оё Довари тамоми замин аз рӯи адл амал нахоҳад кард?»


Ҳар чизро Худованд ба мақсади он мувофиқ сохтааст, ва шарирро низ барои рӯзи бад.


Ки ин қавмро Ман барои Худ ба миён овардаам, то ҳамду санои Маро бихонанд.


Инак, Ман Ӯро шоҳиде барои умматҳо, пешво ва ҳокими қабилаҳо гардонидаам.


Гарчанде ки ба халқҳо тӯҳфа медиҳанд, алҳол Ман онҳоро ҷамъ хоҳам кард, ва дере нагузашта аз юғи подшоҳи сарварон ба ларза хоҳанд омад.


Рахнакунанда пешопеши онҳо баромад; онҳо низ рахна карда, гузаштанд, дарвозаро рахна карда, аз он берун омаданд; ва подшоҳашон пешопеши онҳо гузашта рафт, ва Худованд — дар сари онҳо».


Як наргови ҷавон, як қӯчқор, як барраи нари яксола, барои қурбонии сӯхтанӣ;


Ба онҳо гуфт: «Биравед ва ба он рӯбоҳ бигӯед: „Инак, имрӯз ва фардо девҳоро берун мекунам ва беморонро шифо медиҳам, ва дар рӯзи сеюм саранҷом хоҳам ёфт“;


«Худоро ҷалол дар арши аъло, ва осоиштагӣ бар замин, ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар миёни мардум бод».


Оё Масеҳро лозим набуд ҳамаи инро аз сар гузаронда, ба ҷалоли Худ бирасад?»


Ва ба онҳо гуфт: «Чунин навишта шудааст, ва чунин лозим буд, ки Масеҳ уқубат кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон эҳьё шавад.


Ва на танҳо барои қавм, балки низ барои он ки фарзандони Худоро, ки пароканда ҳастанд, якҷоя кунад.


Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Ва сар фурӯ оварда, ҷон дод.


Вале Сарвари ҳаётро куштед, вале Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, ва мо шоҳидони он ҳастем.


Худо Ӯро ба ямини Худ боло бардошта, Сарвар ва Наҷотдиҳанда гардонд, то ки ба Исроил тавба ва омурзиши гуноҳҳоро ато фармояд;


Зеро ки ҳама чиз аз Ӯст, ба воситаи Ӯст ва барои Ӯст. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин.


То ки фаровонии ҷалоли Худро бар зарфҳои марҳамат, ки Ӯ пешакӣ онҳоро барои ҷалол омода кардааст, зоҳир созад.


Балки дар бораи ҳикмати Худо маҳрамона сухан меронем, дар бораи ҳикмати ниҳоние ки Худо аз азал барои ҷалоли мо муқаррар кардааст,


Лекин мо як Худо дорем, яъне Худои Падар, ки ҳама чиз аз Ӯст, ва мо барои Ӯ ҳастем, ва як Худованд дорем, яъне Исои Масеҳ, ки ҳама чиз ба воситаи Ӯст, ва мо ба воситаи Ӯ ҳастем.


Аммо ҳамаи мо, бо рӯи кушода, мисли он ки дар оина бошад, ба ҷалоли Худованд нигариста, ба ҳамон сурат аз ҷалол ба ҷалол табдил меёбем, ва ин аз Худованд, яъне аз Рӯҳ аст.


Зеро уқубати сабуки мо, ки кӯтоҳмуддат аст, ҷалоли абадиро барои мо ба андозаи бениҳоят бузург ба вуҷуд меоварад,


Ва ҳама чиз аз ҷониби Худост, ки моро ба воситаи Исои Масеҳ бо Худ мусолиҳа дод ва хизмати мусолиҳаро ба мо супурд,


Ва Падари шумо хоҳам буд, ва шумо писарон ва духтарони Ман хоҳед буд, мегӯяд Худованди Қодири Мутлақ».


Зеро ки ҳамаи шумо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ писарони Худо ҳастед;


То ки дар асрҳои оянда сарвати беҳадди файзи Худро дар меҳрубоние ки ба мо дар Исои Масеҳ дорад, зоҳир намояд.


То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад,


Вақте ки Масеҳ, ки ҳаёти шумост, зоҳир шавад, шумо низ бо Ӯ дар ҷалол зоҳир хоҳед шуд.


Бинобар ин ман ба ҳар чиз ба хотири баргузидагон сабр мекунам, то ки онҳо низ ба наҷоте ки дар Исои Масеҳ аст, бо ҷалоли абадӣ ноил шаванд.


Ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст.


Ки ба он ҷо пешгузаштаи мо — Исо дохил шуда, то абад Саркоҳин гардид ба монанди Малкисодақ.


Зеро ки мо ба чунин Саркоҳин эҳтиёҷ дорем: муқаддас, аз бадӣ дур, беайб, аз гуноҳкорон ҷудо ва аз афлок болотар баромада,


Зеро ки шариат одамони гирифтори заъфро коҳин таъин мекунад, вале каломи қасам, ки баъд аз шариат омад, Писареро, ки то абад комил шудааст, таъин кард.


Ба онҳо ошкор шуда буд, ки на ба худашон, балки ба мо хизмат кардаанд дар хусуси он чи ҳоло ба шумо мавъиза шудааст ба воситаи онҳое ки бо Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба шумо башорат додаанд, яъне он чи, ки фариштагон мехоҳанд андарунаш назар андозанд.


Аз пирони шумо хоҳишмандам ман, ки низ пир ва шоҳиди уқубатҳои Масеҳ ҳастам, ва шарики ҷалоле хоҳам буд, ки бояд ба зуҳур ояд:


Ва Худои ҳар файз, ки моро ба ҷалоли абадии Худ дар Исои Масеҳ даъват намудааст, баъд аз уқубати кӯтоҳмуддати шумо, шуморо комил, устувор, қавӣ ва матин хоҳад кард.


«Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст».


Баъд аз ин ман назар андохтам, ва инак, анбӯҳи бузурги мардум, ки онро ҳеҷ кас наметавонист ба шумор оварад, аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо дар пеши тахт ва дар пеши Барра истодаанд, ки дар тан либосҳои сафед доранд ва шохаҳои нахл ба даст гирифтаанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan