Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 13:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ба таълимоти гуногун ва бегона моил нашавед; зеро хуб аст, ки дилҳо бо файз қавӣ гардад, на бо таомҳо, ки аз онҳо касони пурхӯр манфиате надидаанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

9 Пас нагузоред, ки ҳар гуна таълимоти аҷибу ғариб шуморо аз роҳ берун кунад. Хуб мешавад, ки рӯҳи шуморо файзу меҳрубонии Худо мустаҳкам гардонад ва на қоидаҳои динӣ дар бораи хӯрокҳо, чунки ин қоидаҳо ба риоякунандагони он ҳеҷ фоида наоварданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 13:9
35 Iomraidhean Croise  

То ки бо мирон шинонад, бо мирони қавми Худ.


Зеро ки масеҳони козиб ва анбиёи козиб ба майдон омада, аломот ва мӯъҷизоти бузурге нишон хоҳанд дод, то ки, агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ кунанд.


Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ҳушьёр бошед, ки касе шуморо гумроҳ накунад;


Лекин шароби навро дар машки нав андохтан лозим аст; дар он сурат ҳар ду маҳфуз хоҳанд монд.


Аз миёни ҳудатон низ шахсоне пайдо ҳоҳанд шуд, ки суханони каҷ ҳоҳанд гуфт, то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд.


Акнун, эй бародарон, шуморо ба Худо ва ба каломи файзи Ӯ месупорам, ки қодир аст шуморо обод гардонад ва дар миёни ҳамаи муқаддасон ба шумо меросе бибахшад.


Зеро ки Малакути Худо аз хӯрдан ва нӯшидан иборат нест, балки адолат, сулху осоиштагӣ ва шодмонӣ дар Рӯҳулқудс аст.


Яке боварӣ дорад, ки хӯрдани ҳама ҷиз ҷоиз аст, вале он ки суст аст, фақат сабзавот мехӯрад.


Он ки рӯзеро авло медонад, барои Худованд чунин мекунад; ва он ки рӯзҳоро баробар медонад, барои Худованд чунин мекунад. Он ки мехӯрад, барои Худованд мехӯрад, зеро ки Худоро шукр мегӯяд. Ва он ки намехӯрад, барои Худованд намехӯрад ва Худоро шукр мегӯяд.


Хӯрок барои шикам аст, ва шикам барои хӯрок; аммо Худо инро ва онро нест мекунад; лекин ҷисм на барои зино, балки барои Худованд аст, ва Худованд барои ҷисм аст.


Хӯрок моро ба Худо наздик намекунад: зеро ки на аз хӯрдан манфиате мебинем, на аз наҳӯрдан зиёне.


Ва Он ки мову шуморо дар Масеҳ устувор мегардонад ва моро тадҳин намудааст, Худост,


Эй бародарон, агар касе гирифтори хатое шавад, шумо, рӯҳониён, ӯро дар рӯҳи фурӯтанӣ ислоҳ кунед, ва ҳар кас аз худаш бохабар бошад, ки мабодо ба озмоиш дучор шавад.


То ки мо дигар кӯдаконе набошем, ки бо боди ҳар таълим калавонида ва ронда мешаванд, аз найрангбозии одамон, ки бо талбис дар иштибоҳ андохта, гумроҳ мекунад,


Бигзор ҳеҷ кас шуморо бо суҳанони ботил фирефта накунад, зеро ки барои ин ғазаби Худо бар писарони исьён меояд.


Инро ман барои он мегӯям, ки ҳеҷ кас шуморо бо суханони дилфиреб дар иштибоҳ наандозад;


Бигзор дилҳои шуморо тасаллӣ диҳад ва шуморо дар ҳар сухан ва амали нек устувор гардонад.


Нагузоред, ки фикри шумо зуд ба шубҳа афтад, ва ҳаросон нашавед на аз нубуввати рӯҳ, на аз калом ва на аз номае ки гӯё мо фиристода бошем дар бораи он ки рӯзи Масеҳ фаро расидааст.


Эй Тимотиюс! Он чиро, ки ба ту амонат гузошта шудааст, муҳофизат намо ва аз ёвагӯии ношоям ва мубоҳисоте ки бардурӯғ дониш номида мешавад, рӯй гардон,


Эй маҳбубон! Ба ҳар рӯҳ эътимод накунед, балки рӯҳҳоро имтиҳон кунед, ки оё аз Худо ҳастанд, чунки бисьёр анбиёи козиб ба сар то сари дуньё рафтаанд.


Инҳо олудагие дар зиёфатҳои муҳаббати шумо мебошанд, ҳангоме ки бо шумо бе ҳаросе айшу ишрат карда, шиками ҳудро мепарваранд; инҳо абрҳои беобе ҳастанд, ки бо шамол ронда мешаванд; инҳо дарахтони тирамоҳ ҳастанд, ки бесамар буда, ду карат мурдаанд ва решакан шудаанд;


Эй маҳбубон! Азбаски ҷидду ҷаҳди комил дорам ба шумо дар бораи наҷоти муштараки мо бинависам, зарур донистам ба шумо насиҳате нависам, то шумо дар роҳи имоне ки як бор ба муқаддасон супурда шуд, ҷадал намоед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan