Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 13:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Инчунин инсондӯстӣ ва саховатро аз хотир набароред, зеро ки ин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меояд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

16 Ҳамчунон некӣ ва хайрия карданро бе аҳамият намонед, чунки ҳамин гуна қурбониҳо ба Худо писанд меоянд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 13:16
22 Iomraidhean Croise  

Зеро ки тирҳои Ту дар ман фурӯ рафтааст, ва дасти Ту бар ман фурӯд омадааст.


Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Туро боз чизе намерасад: ҳар он чи дорӣ, бифурӯш ва ба мискинон бидеҳ, ва дар осмон ганҷе ҳоҳӣ ёфт; ва омада, Маро пайравӣ кун».


Исои Носириро Худо бо Рӯҳулқудс ва қуввати Худ тадҳин кард, ва Ӯ ба ҳама ҷо рафта, корҳои нек мекард ва ба ҳамаи онҳое ки дар қайди иблис буданд, шифо мебахшид, зеро ки Худо бо Ӯ буд;


Дар Ёфо шогирде буд, зане ба номи Тобито, ки маънояш Ғизол аст, ва ӯ хеле некӯкор буд ва садақоти бисьёре медод.


Дар рафъи эҳтиёҷоти муқаддасон иштирок кунед; дар меҳмоннавозӣ бикӯшед.


Аз ин рӯ, то даме ки фурсат дорем, ба ҳама некӣ кунем, алалхусус ба аҳли имони худ.


Он ки бо каломи Худо насиҳат дода мешавад, бигзор насиҳатдиҳандаро дар ҳар нозу неъмат шарик созад.


Касе ки дуздӣ кардааст, дигар дуздӣ накунад, балки меҳнат карда, бо дастҳои худ кори фоиданоке ба ҷо оварад, то чизе дошта бошад, ки ба эҳтиёҷманде бибахшад.


Лекин хуб кардед, ки дар андӯҳи ман шарик шудед.


Ман ҳамаашро гирифтам ва ба қадри барзиёд дорам; ва ман аз ҳар чиз пур гаштам, вақте ки ҳадияи фиристодаи шуморо, ҳамчун бӯи муаттар, ҳамчун қурбонии хуши писандидаи Худо, аз дасти Эпафрӯдитус гирифтам.


Бохабар бошед, ки касе ба касе дар ивази бадӣ, бадӣ накунад, балки ҳамеша барои якдигар ва барои ҳама дар паи некӣ бошед.


Валекин шумо, эй бародарон, аз некӯкорӣ монда нашавед.


Бигзор онҳо некӣ кунанд ва аз аъмоли нек сарватманд шаванд, валинеъмат ва одамдӯст бошанд


Дуои ман ин аст, ки муоширати имони ту чунон таъсирбахш бошад, ки беҳтар бидонӣ ҳар некие ки дар мо барои Исои Масеҳ мебошад, чист.


Зеро Худо беадолат нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба исми Ӯ зоҳир намуда, ба муқаддасон хизмат кардаед ва мекунед, фаромӯш кунад.


Эй маҳбуб! Ба бадӣ тақлид накун, балки ба некӣ. Касе ки некӣ мекунад, аз Худост; ва касе ки бадӣ мекунад, Худоро надидааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan