Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 13:13 - Китоби Муқаддас 1992 1999

13 Пас, хории Ӯро бардошта, берун аз бошишгоҳ сӯи Ӯ бароем;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

13 Пас, биёед мо ҳам берун аз қароргоҳ ба пеши Ӯ баромада, ба нангу хорие, ки Ӯ кашидааст, шарик шавем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 13:13
16 Iomraidhean Croise  

Он гоҳ Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор карда ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд;


Чун берун рафтанд, касеро, ки Шимъӯн ном дошт ва аз Қурин буд, дида, маҷбур карданд, ки салиби Ӯро бардорад.


Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва барноҳақ ҳар навъ ғайбат кунанд.


Хушо шумо, вақте ки мардум ба хотири Писари Одам аз шумо нафрат намоянд, ва шуморо дур кунанд, ва дашном диҳанд, ва номи шуморо ба бадӣ бароварда, рад кунанд.


Ва ба ҳама гуфт: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд;


Онҳо аз шӯрои пирон баромада, хурсанд шуданд, ки ба хотири исми Ӯ сазовори беҳурматӣ гардидаанд,


Бинобар ин ман аз заъфҳо, озорҳо, мӯҳтоҷиҳо, таъқиботҳо ва ситамҳое ки ба хотири Масеҳ мебинам, дилшодам, зеро ки дар ҳолати заъф боқувватам.


Ва хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб кард; зеро ки ба мукофот назар медӯҳт.


Ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст.


Дар бораи Ӯ фикр кунед, ки аз дасти гуноҳкорон ба чунин хорӣ тоб овард, то ки шумо дар ҷонҳои худ хаста ва суст нашавед.


Дар талоши зидди гуноҳ шумо ҳанӯз то ба дараҷаи рехтани хун муқобилият накардаед


Ба ҳамин сабаб онҳо мутаҳайир мешаванд, ки шумо бо онҳо дар ҳамон фисқу фуҷур иштирок надоред, ва дар ҳаққи шумо бадгӯӣ мекунанд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan