Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 12:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Илова бар ин, барои мо, ки аз падарони ҷисмонӣ ҷазо ёфта, аз онҳо метарсем, оё лозим нест, ки ба Падари рӯҳҳо хеле зиёдтар итоат намоем, то ки зист кунем?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

9 Ҳамаи мо падарони заминӣ дорем, ки моро тарбия додаанд ва мо онҳоро барои ҳамин ҳурмат мекунем. Пас чӣ қадар бештар мо бояд ба ҷазои Падари осмониамон сар фарорем, то ки ҳаёти ҳақиқӣ дошта бошем?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 12:9
28 Iomraidhean Croise  

Ҷони тамоми мавҷудот ва рӯҳи тамоми навъи башар дар дасти Ӯст.


Падари худ ва модари худро иззат намо, то ки умри ту бар замине ки Худованд Худои ту ба ту медиҳад, дароз шавад.


Чашме ки падарро тамасхур мекунад ва аз итоати модар нафрат дорад, зоғони водӣ онро нӯл зада мекананд, ва бачаҳои уқоб онро мехӯранд.


Ва хок бар замин баргардад, ончунон ки буд; ва рӯҳ назди Худо, ки онро бахшида буд, баргардад.


Худовандо! Бо ин чизҳо зиндагӣ мекунанд, ва ҳаёти рӯхи ман бо ҳамаи инҳост; ва Ту маро шифо бидеҳ ва ба ман ҳаёт бибахш.


Худованд Худо, ки афлокро офарида, барафроштааст, заминро бо ҳар чи аз он ба вуҷуд меояд, густурдааст, ба қавме ки дар он ҳастанд, нафасро, ва ба махлуқоте ки дар он қадамгузор мебошанд, рӯҳро бахшидааст, чунин мегӯяд:


Эй вой бар касе ки ба падари худ гӯяд: «Чаро ту маро ба дуньё овардаӣ?» Ва ба модари худ: «Чаро ту маро зоидаӣ?»


Зеро ки то абад додгарӣ нахоҳам кард, ва беинтиҳо ғазаб нахоҳам намуд, вагар на рӯҳ ва ҷонҳое ки Ман офаридаам, пеши Ман бемаҷол хоҳанд шуд.


Падар ва модарро андаруни ту хорӣ медоданд, ғарибро андаруни ту ба танг меоварданд, ятим ва беваро андаруни ту ба ранҷу озор дучор мекарданд.


Ҳар яке аз модари худ ва аз падари худ тарсон бошед, ва шанбеҳои Маро риоя намоед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


Ваҳйи каломи Худованд дар бораи Исроил. Худованд, ки осмонро густурдааст, ва буньёди заминро ниҳодааст, ва рӯҳи одамизодро андаруни вай ба вуҷуд овардааст, чунин мегӯяд:


Писар падарро иззат мекунад, ва ғулом — оғои худро; пас агар Ман падар бошам, иззати Ман куҷост? Ва агар Ман оғо бошам, ҳайбати Ман куҷост? — мегӯяд Худованди лашкарҳо ба шумо, эй коҳинон, ки исми Маро беҳурмат месозед, ва мегӯед: «Бо чӣ мо исми Туро беҳурмат сохтаем?»


Ва онҳо бар рӯи худ афтода, гуфтанд: «Эй Худо, ки Худои орифи рӯҳҳои тамоми башар ҳастӣ! Як кас гуноҳ кардааст, ва ту бар тамоми ҷамоат дарғазаб мешавӣ?»


«Бигзор Худованд, ки Худои рӯҳҳои тамоми навъи башар аст, касеро бар ин ҷамоат таъин намояд,


Ва гуфт: «Дар шаҳре қозие буд, ки на тарсе аз Худо дошт ва на шарме аз мардум.


Муддати дуру дарозе қозӣ беэътиноӣ кард. Вале баъдтар дар дили худ гуфт: „Гарчанде ки ман на тарсе аз Худо дорам ва на шарме аз мардум,


Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз Рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст.


Азбаски ӯ пайғамбар буд ва медонист, ки Худо барои ӯ қасам ёд кардааст, ки аз насли ӯ Масеҳро ба миён оварад, то ки бар тахти ӯ бинишонад,


Дар бораи Писари Худ, ки ба ҳасби ҷисм аз насли Довуд таваллуд шудааст,


Зеро ман мехостам, ки ба хотири бародаронам, ки ба ҳасби ҷисм хешони мананд, худам аз Масеҳ маҳрум шавам.


Ва падарон аз онҳоянд, ва аз онҳо Масеҳ ба ҳасби ҷисм ба ҷаҳон омадааст, ки Худо бар ҳама ва то абад муборак аст, омин.


„Малъун бод касе ки падару модари худро хорӣ диҳад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“


Дар хузури Худованд фурӯтан бошед, ва Ӯ шуморо сарафроз хоҳад кард.


Пас, ба Худо итоат намоед, ба иблис муқобилат кунед, ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт.


Пас, дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан бошед, то ки Ӯ шуморо дар замони Худ сарафроз кунад;


Ва ба ман гуфт: «Ин суханон ҳақ асту рост»; ва Худованд Худои анбиёи муқаддас фариштаи Худро фиристод, то он чиро, ки бояд ба қарибӣ ба вуқӯъ ояд, ба бандагони Худ нишон диҳад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan