Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 12:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Бинобар ин мо низ, ки дар гирди худ чунин абри шоҳидонро дорем, ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад, аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон‐давон тай кунем

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

1 Инак мо бо намунаи имони ҳамин қадар одамон иҳота шудаем. Пас биёед ҳар бореро, ки барои пеш рафтан халал мерасонаду ҳар гуноҳеро, ки бо осонӣ моро ба худ мекашад, як тараф монда, мисли варзишгар бо сабру тобоварӣ масофаи давишеро, ки Худо дар пешамон гузоштааст, медавем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 12:1
52 Iomraidhean Croise  

Онҳо, охир, туро таълим хоҳанд дод, ба ту хоҳанд гуфт, ва суханонро аз таҳти дили худ берун хоҳанд овард.


Инҳо кистанд, ки мисли абр парвоз мекунанд, ва мисли кабӯтарон сӯи равзанҳои худ?


Ва бар қавми Ман — Исроил — мисли абре ки заминро мепӯшонад, хоҳӣ баромад; ин дар айёми охирин рӯй хоҳад дод, ва Ман туро ба замини Худ хоҳам овард, то ки халқҳо Маро бидонанд, вақте ки ба воситаи ту, эй Ҷуҷ, Худро дар пеши назари онҳо тақдис намоям.


Ва баромада, мисли тундбоде хоҳӣ омад, мисли абре ин заминро хоҳӣ пӯшонид, — ту ва ҳамаи фавҷҳоят, ва халқҳои бисьёре ҳамроҳи ту.


Ва аз барои исми Ман тамоми мардум аз шумо нафрат хоҳанд кард; лекин ҳар кӣ то ба охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.


Лекин ҳар кӣ то охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт.


Вай ҷомаи худро кашида, бархосту назди Исо омад.


Ва ба онҳо гуфт: «Зинҳор, аз тамаъкорӣ ҳазар кунед, зеро ки ҳаёти одам ба фаровонии дороии вай вобаста нест».


Зеро ки ман панҷ бародар дорам: бигзор онҳоро таъкид кунад, ки онҳо ҳам ба ин макони азобу уқубат наоянд“.


Пас, бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳон зиндагӣ сахт шавад, ва он рӯз бар шумо ногаҳон ояд;


Ва он чи дидааст ва шунидааст, бар он шаҳодат медиҳад, ва ҳеҷ кас шаҳодати Ӯро қабул намекунад.


Ва аз рӯи каломи он зан, ки шаҳодат дода буд: «Ҳар он чи кардаам, Ӯ ба ман гуфт», аз он шаҳр бисьёр сомариён ба Ӯ имон оварданд.


Зеро Худи Исо шаҳодат додааст, ки пайғамбар дар зодгоҳи худ беқадр аст.


Аз умедворӣ тасаллӣ ёбед; дар мусибат пуртоқат бошед; ҳамеша дуо гӯед.


Ба онҳое ки доим кори нек карда, толиби ҷалол, шараф ва ҷовидӣ мешаванд, ҳаёти ҷовидонӣ хоҳад дод;


Пас, эй маҳбубонам, дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна наҷосати ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем.


Ба он ҷо аз рӯи ваҳй равона шудам ва ба онҳо ва алоҳида ба шахоне ки соҳибэътибор буданд, он башоратро, ки дар миёни халқҳо мавъиза менамудам, баён кардам: мабодо бар абас бидавам ё давида бошам.


Нағз медавидед: кӣ шуморо аз итоати ростӣ боздошт?


Бинобар ин, кизбро аз худ дур карда, ҳар яке ба ёри худ рост гӯед, чунки мо андоми яқдигарем.


Бо ҳамон корнамоие ки шумо дар ман дидаед ва ҳоло дар бораи ман мешунавед.


Ва каломи ҳаётро нигоҳ доред, то ки ман дар рӯзи Масеҳ фахр намоям, ки ман бар абас надавидаам ва бар абас меҳнат накардаам.


Ҳеҷ сарбоз худро бо корҳои рӯзгор банд намекунад, то ки ба сипаҳсолор писанд афтад.


Дар кашмакаши неке талош кардам, давишро анҷом додам, имонро нигоҳ доштам;


Ва Иброҳим бо пурсабрии худ ба он ваъда ноил гардид.


Чун медонед, ки имтиҳони имони шумо сабрро ба вуҷуд меоварад;


Пас, ҳар кина ва ҳар макр ва риё ва ҳасад ва ҳар бадгӯиро аз худ дур карда,


То ки боқии умри ҷисмониро на аз рӯи ҳавасҳои одамӣ, балки мувофиқи иродаи Худо ба сар барад.


Аз пирони шумо хоҳишмандам ман, ки низ пир ва шоҳиди уқубатҳои Масеҳ ҳастам, ва шарики ҷалоле хоҳам буд, ки бояд ба зуҳур ояд:


Ба воситаи Силвонус, ки ба фикри ман бародари амин аст, ба шумо мухтасар навиштам, то шуморо насиҳат ва шаҳодат диҳам, ки ҳамин аст файзи ҳақиқии Худо, ки дар он шумо қоим ҳастед.


Ба хирадмандӣ — порсоиро, ба порсоӣ — тоқатро, ба тоқат — парҳезгориро,


Ман, Юҳанно, ки бародари шумо ва шарики андӯҳ ва малакут ва сабри Исои Масеҳ ҳастам, аз барои каломи Худо ва шаҳодати Исои Масеҳ дар ҷазираи Патмӯс будам.


Ҳар кӣ ба асирӣ мебарад, худаш ба асирӣ хоҳад рафт; ҳар кӣ бо шамшер мекушад, худаш бояд бо шамшер кушта шавад. Дар ин ҷост сабр ва имони муқаддасон.


«Ман, Исо, фариштаи Худро фиристодаам, то ки дар калисоҳо ба шумо шаҳодат диҳад. Ман реша ва насли Довуд, ситораи дурахшони субҳ ҳастам».


Ва азбаски ту каломи сабри Маро нигоҳдорӣ намудаӣ, Ман низ туро аз соати озмоиш нигоҳдорӣ хоҳам кард, ки он бар тамоми ҷаҳон хоҳад омад, то ки сокинони рӯи заминро имтиҳон кунад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan