Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 11:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

6 Аммо бе имон дили Худоро ёфтан ғайриимкон аст. Зеро ҳар кӣ пеши Худо меояд, бояд бовар кунад, ки Ӯ вуҷуд дорад ва ба онҳое, ки Ӯро меҷӯянд, мукофот медиҳад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 11:6
47 Iomraidhean Croise  

Баъд аз ин ҳодисаҳо каломи Худованд дар рӯъё ба Абром расида, гуфт: «Натарс, эй Абром; Ман сипари ту ҳастам; музди ту бағоят бузург аст».


Ва ту, эй писарам Сулаймон, Худои падари худро бишнос, ва Ӯро бо дили комил ва бо ҷони иштиёқманд ибодат намо, зеро ки Худованд ҳамаи дилҳоро имтиҳон мекунад, ва ҳар андеша ва фикрро мефаҳмад. Агар Ӯро ҷӯё бошӣ, Ӯ барои ту ёфт хоҳад шуд, вале агар Ӯро тарк намоӣ, Ӯ туро то абад тарк хоҳад кард.


Ва ба Худо мегӯянд: „Аз мо дур шав! Ба донистани тариқҳои Ту хоҳиш надорем.


Онҳо аъмоли Худовандро диданд, ва корҳои аҷоиби Ӯро дар қаърҳо:


Худои эҳсонкори ман ба ёрии ман хоҳад шитофт; Худо нокомии мухолифонамро ба ман нишон хоҳад дод.


Шарир музди ноҳақ пайдо мекунад, вале корандаи адолат — подоши ҳақиқӣ.


Дӯстдорони худро дӯст медорам, ва толибони ман маро хоҳанд ёфт.


Гӯши худро хам карда, назди Ман биёед; бишнавед, то ки ҷони шумо зинда шавад; ва Ман ба шумо аҳди ҷовидонӣ, яъне марҳаматҳои боэътимоди Довудро хоҳам бахшид.


Ва сари Эфроим Сомария аст, ва сари Сомария — писари Рамальёҳу. Агар имонатон устувор набошад, шумо устувор нахоҳед монд».


Эй шумо, ки насли ин даврон ҳастед! Ба каломи Худованд диққат диҳед: оё Ман барои Исроил биёбон будам? Ё кишвари торикии зулмот? Пас, чаро қавми Ман гуфтанд: „Мо аз ту дур шудаем, дигар назди ту нахоҳем омад“?


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «То ба кай ин қавм Маро хор медоранд? Ва то ба кай, бо вуҷуди тамоми аломоте ки дар миёни онҳо ба амал овардаам, ба ман имон намеоваранд?


Ва Худованд ба Мусо ва Ҳорун гуфт: «Азбаски шумо ба Ман имон наовардед, то ки қудсияти Маро пеши назари банӣ‐Исроил нишон диҳед, бинобар ин, ин ҷамоатро ба замине ки ба онҳо ваъда кардаам, нахоҳед овард».


Оре, эй Падар! Зеро ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ту чунин буд.


Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки анбиёи пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд.


Ҳамчунин, ҳангоме ки рӯза медоред, монанди риёкорон туршрӯ набошед; зеро ки онҳо қиёфаи ҳудро дигаргун мекунанд, то ки рӯзадории худро ба мардум нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо мукофоти худро гирифтаанд.


Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд.


Ва ҳангоме ки дуо мегӯӣ, монанди риёкорон набош, ки онҳо дӯст медоранд дар куништҳо ва бурчакҳои кӯчаҳо истода дуо гӯянд, то ки ба мардум худро нишон диҳанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо мукофоти ҳудро гирифтаанд.


Ва ин аломот ҳамроҳи имондорон ҳоҳад буд: ба исми Ман девҳоро берун кунанд ва ба забонҳои нав сухан гӯянд;


Балки Малакути Худоро биталабед, ва ҳамаи ин барои шумо илова хоҳад шуд.


Лекин шумо душманони худро дӯст бидоред, ва некӣ кунед, ва карз диҳед, бе он ки ба талофии он умедвор шавед; ва мукофоти шумо бузург хоҳад буд, ва писарони Ҳаққи Таоло хоҳед буд; зеро ки Ӯ ба носипосон ва бадон меҳрубон аст.


Исо ба вай гуфт: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман;


Аз ин сабаб ба шумо гуфтам, ки дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд; зеро агар имон наоваред, ки ин Ман ҳастам, дар гуноҳҳои худ хоҳед мурд».


Аммо чӣ гуна онҳо бихонанд Онро, ки ба Ӯ имон наовардаанд? Чӣ гуна онҳо имон оваранд ба Он ки дар бораи Ӯ чизе нашунидаанд? Чӣ гуна онҳо бидуни воизон чизе бишнаванд?


Зеро ки дар Исои Масеҳ на хатна аҳамият дорад ва на номахтунӣ, балки имоне ки бо муҳаббат амал мекунад.


Ва хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб кард; зеро ки ба мукофот назар медӯҳт.


Эй бародарон, бохабар бошед, ки касе аз шумо дили шарир ва беимоне ки аз Худои Ҳай рӯй мегардонад, надошта бошад,


Зеро ки башорат ба мо низ, чунон ки ба онҳо, мавъиза карда шуд; аммо ба онҳо каломе ки шуниданд, фоидае набахшид, чунки бо имони шунавандагон напайваст.


Пас, дар сурате ки баъзе касон имконият доранд ба он дохил шаванд, вале онҳое ки башорат барояшон пештар мавъиза карда шуда буд, аз боиси беитоатӣ дохил нашуданд, —


Чунки шариат ҳеҷ чизро ба камол нарасондааст; лекин умеди беҳтаре ҷои онро гирифт, ки ба василаи он мо ба Худо наздик меоем.


Ва ба ин сабаб низ метавонад доимо онҳоеро, ки ба василаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад.


Аз ин рӯ, эй бародарон, беш аз пеш саъю кӯшиш намоед, ки даъват ва интихоби худро устувор гардонед ва агар ҳамин тавр рафтор кунед, ҳаргиз пешпо нахоҳед хӯрд,


Бинобар ин шумо тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба кор бурда, ба имони худ некӯкориро изофа намоед, ба некӯкорӣ — хирадмандиро,


Пас, эй маҳбубон, модоме ки инро интизорӣ доред, саъю кӯшиш намоед, ки назди Ӯ покиза ва беайб дар осоиштагӣ хозир шавед;


Валекин тарсончакон, ва беимонон, ва палидон, ва қотилон, ва зинокорон, ва ҷодугарон, ва бутпарастон, ва ҳамаи дурӯғгӯёнро — насибашон дар кӯлест, ки бо оташ ва кибрит месӯзад; ин мамоти дуюм аст».


Бигзор Худованд аъмоли туро подош диҳад, ва музди ту аз ҷониби Худованд Худои Исроил комил бошад, ки ту омадаӣ, то дар таҳти болҳои Ӯ паноҳ барӣ!»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan