Худо гуфт: «Валекин занат Соро ба ту писаре хоҳад зоид, ва ӯро Исҳоқ ном хоҳӣ ниҳод; ва аҳди Худро бо ӯ барқарор хоҳам кард, то ки бо насли ӯ баъд аз ӯ аҳди ҷовидонӣ бошад.
Ва Худо ба Иброҳим гуфт: «Ин амр дар ҳаққи писарат ва канизат дар назари ту бад наояд; ҳар он чи Соро ба ту мегӯяд, ба суханаш гӯш андоз; зеро ки насли ту аз Исҳоқ хонда хоҳад шуд.