Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 11:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Аммо иштиёқманди ватани беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст; бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад: зеро ки Ӯ барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

16 Вале, чунон ки мебинем, онҳо муштоқи ватани беҳтаре, яъне ватани осмонӣ буданд. Бино бар ин, Худо ҳазар намекунад, ки онҳо Ӯро Худои худ хонанд, чунки барояшон шаҳре тайёр намудааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 11:16
26 Iomraidhean Croise  

Ва дар ҳамон шаб Худованд бар ӯ зоҳир гардида, гуфт: «Ман Худои падарат Иброҳим ҳастам; натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам, ва туро баракат медиҳам, ва насли туро, ба хотири бандаи Худ Иброҳим, афзун хоҳам кард».


Ва инак, Худованд бар он истодааст, ва мегӯяд: «Манам Худованд, Худои Иброҳим падарат ва Худои Исҳоқ. Ин заминро, ки ту бар он хобидаӣ, ба ту ва ба насли ту медиҳам.


Ва Худо боз ба Мусо гуфт: «Ба банӣ‐Исроил чунин бигӯ: „Худованд Худои падаронатон, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб, маро назди шумо фиристод“. Ин аст исми Ман то абад, ва ин аст зикри Ман аз насл ба насл.


Ва гуфт: «Ман Худои падарат ҳастам, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб». Ва Мусо рӯи худро пӯшонид, зеро ки аз нигоҳ кардан ба Худо тарсид.


«Ин корро бикун, то бовар кунанд, ки Худованд Худои падаронашон, Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ба ту зоҳир шудааст».


«Дар он замон — мегӯяд Худованд, — Ман Худои ҳамаи қабилаҳои Исроил хоҳам буд, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд».


Он гоҳ Подшоҳ ба онҳое ки ба тарафи рости Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: „Биёед, эй баракатьёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред:


Аммо дар бораи мурдагон, ки эҳьё мешаванд, магар дар китоби Мусо нахондаед, ки чӣ сон Худо дар назди бутта ба вай гуфт: „Манам Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб“?


Зеро, ҳар кӣ дар ин насли зинокор ва осӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам низ, ҳангоме ки бо фариштагони муқаддас дар ҷалоли Падари Худ меояд, аз вай шарм хоҳад кард».


Натарс, эй рамаи хурд! Зеро ки Падари шумо таваҷҷӯҳ намудааст, ки Малакутро ба шумо ато кунад.


Ин ки мурдагон эҳьё мешаванд, инро Мусо низ дар ҳикояти бутта нишон дода, Худовандро Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб хондааст.


Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисьёр аст; ва агар чунин намебуд, магар ба шумо мегуфтам: „Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам“?


„Ман Худои падарони ту, Худои Иброҳим ва Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ҳастам“. Мусо ба ларза даромада, ҷуръат накард, ки назар андозад.


Лекин иқоматгоҳи мо акнун дар осмон аст, ки аз он ҷо Исои Масеҳи Худовандро, ҳамчун Наҷотдиҳанда, интизор дорем,


Ва Худованд маро аз ҳар амали бад халосӣ дода, барои Малакути Осмонии Худ маҳфуз хоҳад дошт. Ӯро то абад ҷалол бод. Омин.


Зеро ки шумо ба занҷирҳои ман низ ҳамдардӣ изҳор кардед, ва тороҷи дороии худро бо шодмонӣ қабул кардед, чун медонистед, ки шумо дар осмон молу мулки беҳтар ва бобақое доред.


Зеро ӯ мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳкаме дорад, ва меъмору бинокори он Худост.


Зеро онҳое ки чунин мегӯянд, нишон медиҳанд, ки дар ҷустуҷӯи ватане ҳастанд.


Чунки Худо барои мо чизи беҳтаре пешбинӣ намуда буд, то ки онҳо бе мо комил нагарданд.


Балки шумо наздик омадаед ба кӯҳи Сион ва ба шаҳри Худои Ҳай, ба Ерусалими осмонӣ ва беварҳои фариштагон,


Зеро дар ин ҷо шаҳри доимие надорем, балки ояндаро ҷустуҷӯ менамоем.


Зеро ки ҳам Тақдискунанда ва ҳам тақдисшавандагон, ҳама аз Ягона ҳастанд; ба ин сабаб Ӯ ор намекунад, ки онҳоро бародар хонад, ва мегӯяд:


Ва ман, Юҳанно, шаҳри муқаддас — Ерусалими навро дидам, ки аз ҷониби Худо аз осмон нузул мекард, ва муҳайё шуда буд мисли арӯсе ки барои шавҳараш зинат ёфтааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan