Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 11:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Зеро ӯ мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳкаме дорад, ва меъмору бинокори он Худост.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

10 Иброҳим аз он сабаб дар хайма зиндагӣ мекард, ки интизори шаҳри абадие буд, ки меъмор ва бинокораш Худо аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 11:10
11 Iomraidhean Croise  

Пас, ба қосидони ин халқ ӯ чӣ ҷавобе хоҳад дод? Ин ки Худованд Сионро буньёд кардааст, ва мискинони қавми Ӯ дар он паноҳ хоҳанд бурд.


Дар хонаи Падари Ман иқоматгоҳ бисьёр аст; ва агар чунин намебуд, магар ба шумо мегуфтам: „Меравам, то ки барои шумо ҷой тайёр кунам“?


Зеро медонем, ки агар хонаи заминии мо, ин хайма, хароб шавад, мо иморате аз ҷониби Худо дорем, хонаи бо дасти одам сохта нашудаи абадӣ, ки дар осмон аст.


Лекин иқоматгоҳи мо акнун дар осмон аст, ки аз он ҷо Исои Масеҳи Худовандро, ҳамчун Наҷотдиҳанда, интизор дорем,


Аммо иштиёқманди ватани беҳтаре буданд, ки он дар осмон аст; бинобар ин Худо ор намедонад, ки Худои онҳо хонда шавад: зеро ки Ӯ барои онҳо шаҳре муҳайё кардааст.


Балки шумо наздик омадаед ба кӯҳи Сион ва ба шаҳри Худои Ҳай, ба Ерусалими осмонӣ ва беварҳои фариштагон,


Пас мо малакутеро, ки ба ларза намеафтад, қабул намуда, файзро маҳфуз хоҳем дошт ва бо он Худоро ба таври писандида бо таъзиму такрим ва тарс ибодат хоҳем кард,


Зеро дар ин ҷо шаҳри доимие надорем, балки ояндаро ҷустуҷӯ менамоем.


Зеро ки ҳар хона меъмори худро дорад, валекин меъмори ҳама чиз Худост.


Ва ман, Юҳанно, шаҳри муқаддас — Ерусалими навро дидам, ки аз ҷониби Худо аз осмон нузул мекард, ва муҳайё шуда буд мисли арӯсе ки барои шавҳараш зинат ёфтааст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan