Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 10:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Бинобар ин Масеҳ ба ҷаҳон дохил шуда, мегӯяд: «Қурбонӣ ва ҳадияро Ту нахостӣ, балки бадане барои Ман муҳайё намудӣ;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

5 Бино бар ин, Масеҳ ҳангоми ба ҷаҳон омаданаш ба Худо гуфт: «Қурбониҳову ҳадяҳоро Ту нахостӣ, балки баданеро ба Ман тайёр кардӣ.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 10:5
26 Iomraidhean Croise  

Ва дар миёни ту ва зан, ва дар миёни насли ту ва насли вай адоват меандозам: вай сари туро хоҳад кӯфт, ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт».


«Қурбониҳои бисьёри шумо ба Ман чӣ лозим аст? — мегӯяд Худованд. — Аз қурбониҳои сӯхтании қӯчқорҳо ва чарбуи парвориён сер шудаам, ва ба хуни нарговҳо, гӯсфандҳо ва такаҳо рағбат надорам.


Ва Лубнон барои ҳезуми қурбонгоҳ кифоят намекунад, ва ҳайвоноти он барои қурбониҳои сӯхтанӣ басанда нест.


Бинобар ин Худованд Худаш ба шумо аломате хоҳад дод: инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳад номид.


То ба кай рӯ хоҳӣ тофт, эй духтари муртад? Зеро Худованд бар замин таомули наве офаридааст: зан гирди мард хоҳад гашт.


Лебӯное ки аз Шабо, ва наи атрогине ки аз кишвари дурдаст оварда мешавад, ба Ман чӣ лозим аст? Қурбониҳои сӯхтании шумо табъи дил нест, ва забҳҳои шумо ба Ман хуш намеояд.


То ки ба Ӯ бигӯянд: «Оё Ту Ҳамон хастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?»


Фаришта дар ҷавоби вай гуфт: «Рӯҳулқудс бар ту хоҳад омад, ва қуввати Ҳаққи Таоло бар ту соя ҳоҳад афканд; бинобар ин он мавлуди Муқаддас ҳам Писари Худо номида ҳоҳад шуд;


Ва Яҳьё ду нафарро аз шогирдони худ даъват намуда, назди Исо фиристод, то ки бипурсанд: «Оё Ту Ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?»


Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст.


Вале ҳамин ки пуррагии замон даррасид, Худо Писари Худро фиристод, ки Ӯ аз зан таваллуд ёфта, зери дасти шариат буд,


Ва бечуну чаро бузург аст сирри диндорӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд, дар Рӯҳ тасдиқ гардид, ба василаи фариштаҳо дида шуд, дар миёни халқҳо мавъиза карда шуд, дар ҷаҳон бо имон пазируфта шуд, дар ҷалол боло бароварда шуд.


Ва боз, вақте ки Нахустзодаро ба ҷаҳон дохил мекунад, мегӯяд: «Ва бигзор ҳамаи фариштагони Худо Ӯро парастиш кунанд».


Ба ҳасби ҳамин ирода мо ба василаи қурбонии якбораи ҷисми Исои Масеҳ тақдис ёфтаем.


Он гоҳ гуфтам: „Инак, меоям, — чунон ки дар тӯмори китоб дар бораи Ман навишта шудааст, — то ки иродаи Туро, эй Худо, ба ҷо оварам“».


Аввал мегӯяд: қурбонӣ ва ҳадия ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии хаторо, — ки мувофиқи шариат тақдим карда мешавад, — Ту нахостӣ, ва онҳо барои Ту писандида набуд;


Ва азбаски фарзандон ба ҷисм ва хун шарокат доранд, Ӯ низ шарики инҳо гардид, то ки ба воситаи мамот соҳиби қудрати мамотро, яъне иблисро нобуд намояд.


Дар айёме ки Ӯ дар ҷисм буд, ба Он ки метавонист Ӯро аз мамот наҷот диҳад, бо фиғони пурзӯр ва бо ашкрезӣ дуо ва тазаррӯъ намуд, ва ба хотири таъзиму такрими Худ иҷобат карда шуд,


Зеро ки ҳар саркоҳин барои тақдим кардани ҳадия ва қурбониҳо таъин мешавад; бинобар ин лозим буд, ки Ӯ низ чизе барои тақдим кардан дошта бошад.


Ӯ шахсан гуноҳҳои моро дар Бадани Худ ба дор бардошт, то ки мо аз гуноҳҳо фориғ шуда, барои адолат зиндагӣ кунем: шумо аз ҷароҳатҳои Ӯ шифо ёфтед.


Зеро бисьёр фиребгарон дар дуньё пайдо шудаанд, ки Исои Масеҳи ба ҳасби ҷисм омадаро эътироф намекунанд: чунин шаҳс фиребгар ва зиддимасеҳ аст.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan