Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 10:25 - Китоби Муқаддас 1992 1999

25 Ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рӯзро мебинед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

25 Баъзе касон одат пайдо кардаанд, ки ба ҷамъомадҳои имондорон наоянд. Биёед ба монанди онҳо нашавем ва аз ҷамъомади ҳамдигар намонем. Баръакс якдигарро рӯҳбаланд намоем, хусусан дар ин вақте ки рӯзи баргаштани Худованд наздик аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 10:25
32 Iomraidhean Croise  

Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳолати замини Садӯм ва Амӯро дар рӯзи доварӣ аз он шаҳр саҳлтар хоҳад буд.


Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба исми Ман ҷамъ шаванд, Ман дар миёни онҳо ҳастам».


Ҳар кӣ Маро рад карда, суханонамро қабул накунад, доваре бар худ дорад: каломе ки гуфтам, дар рӯзи вопасин бар вай доварӣ хоҳад кард;


Як рӯз, ки мо ба ибодатгоҳ мерафтем, ба мо канизе вохӯрд, ки рӯҳи ғайбгӯй дошт ва аз ғайбгӯӣ ба оғоёни худ даромади калоне меовард.


Вақте ки рӯзи Пантикост фаро расид, ҳамаашон якдилона дар як ҷо ҷамъ омаданд;


Ва онҳо бо шунидани таълими ҳаввориён, бо мушоракати онҳо, бо шикастани нон ва бо дуо гуфтан машғул буданд.


Рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон барои нон шикастан ҷамъ шуданд, Павлус, ки фардояш аз он ҷо рафтанӣ буд, бо онҳо мусоҳиба намуд, ва суханаш то нисфи шаб давом кард.


Агар касе воиз бошад, бо мавъиза машғул шавад; ҳар кӣ бахшанда аст, бо саховат бахшиш диҳад; ҳар кӣ сардор аст, бо ҷидду ҷаҳд сардорӣ кунад; ҳар кӣ эҳсонкор аст, бо меҳрубонӣ некӣ кунад.


Сонӣ, дар як ҷо ҷамъ шуданатон барои хӯрдани таоми шоми Худованд нест;


Агар тамоми аҳли калисо дар як ҷо ҷамъ шаванд, ва ҳама ба забонҳо сухан ронанд, ва бехабарон ё беимонон дароянд, — оё онҳо намегӯянд, ки шумо девона шудаед?


Аммо касе ки нубувват мекунад, вай ба одамон барои обод кардан ва насиҳату тасаллӣ додан сухан меронад.


Амали ҳар кас зоҳир хоҳад шуд; зеро ки он рӯз нишон хоҳад дод, чунки дар оташ ошкор хоҳад шуд, ва оташ амали ҳар касро озмоиш хоҳад кард, ки он чӣ гуна аст.


Ба исми Худованди мо Исои Масеҳ, вақте ки шумо бо якҷоягии рӯҳи ман ва бо қуввати Худованди мо Исои Масеҳ ҷамъ шавед,


Бигзор фурӯтании шумо ба ҳамаи одамон машҳур гардад; Худованд наздик аст.


Пас ҳамдигарро бо ин суханон тасаллӣ диҳед.


Бинобар ин ҳамдигарро тасаллӣ диҳед ва якдигарро обод кунед, чунон ки низ мекунед.


Ва диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем,


Зеро ки баъд аз андаке он Оянда хоҳад омад ва даранг нахоҳад кард.


Аз шумо, эй бародарон, илтимос менамоям, ки ин каломи насиҳатро қабул кунед, зеро ки ба шумо мухтасар низ навиштаам.


Балки якдигарро ҳар рӯз насиҳат диҳед, то даме ки «имрӯз» гуфта мешавад, ки касе аз шумо ба фиребҳои гуноҳ афтода, саҳтдил нашавад.


Шумо низ сабр кунед, дилҳои худро қавӣ гардонед, чунки омадани Худованд наздик аст.


Аммо фарҷоми ҳама чиз наздик аст. Пас бомулоҳиза ва барои дуо ҳушьёр бошед.


Агар ҳамаи инҳо чунин нобуд мешуда бошанд, пас шумо дар рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ чӣ гуна бояд бошед,


Пас, эй маҳбубон, модоме ки инро интизорӣ доред, саъю кӯшиш намоед, ки назди Ӯ покиза ва беайб дар осоиштагӣ хозир шавед;


Худованд дар иҷрои ваъда таъхир наменамояд, чунон ки баъзе касон инро таъхир ҳисоб мекунанд; балки ба шумо пурсабрӣ зоҳир менамояд ва намехоҳад, ки касе нобуд шавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд.


Инҳо касоне ҳастанд, ки ҷудоиҳо ба миён меоваранд; инҳо касони нафсоние ҳастанд, ки рӯҳ надоранд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan