Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 1:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Аммо дар бораи Писараш гуфта шудааст: «Тахти Ту, эй Худо, то абад аст, ва асои садоқат асои салтанати Туст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

8 Аммо ба Писар Худо мегӯяд: «Тахти Ту, эй Худо, то абад пойдор аст! Ту дар подшоҳиат одилона ҳукмронӣ мекунӣ.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 1:8
33 Iomraidhean Croise  

Худои Исроил сухан ронд, кӯҳпораи Исроил ба ман гуфт: „Касе ки бар одамон салтанат меронад, бояд одиле бошад, ки бо худотарсӣ салтанат ронад.


Чашмонашон равған баста, аз косахонааш баромадааст; андешаҳои дилашон ошкор мешавад.


Ба дарвозаҳои Ӯ бо шукрона биёед, ба саҳнҳои Ӯ бо ҳамду сано; Ӯро ҳамд гӯед, исми Ӯро муборак хонед.


Тамоми насли Исроил дар Худованд сафед хоҳанд шуд ва ҷалол хоҳанд ёфт.


Бинобар ин Худованд Худаш ба шумо аломате хоҳад дод: инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳад номид.


Ва Ирмиё ба Сидқиё гуфт: «Агар ба ту бигӯям, ту, охир, маро хоҳӣ кушт, ва агар машварате ба ту бидиҳам, ту, охир, маро нахоҳӣ шунид!»


Валекин бар хонадони Яҳудо марҳамат хоҳам кард, ва онҳоро бо қудрати Худованд Худои онҳо наҷот хоҳам дод, ва онҳоро ба воситаи камон ва шамшер ва корзор ва аспон ва саворон наҷот нахоҳам дод».


Ва ин ҳиссаи сеюмро ба оташ дохил хоҳам кард, ва онҳо ро мисли гудозиши нуқра хоҳам гудохт, ва мисли санҷиши тилло хоҳам санҷид; онҳо исми Маро хоҳанд хонд, ва Ман онҳоро иҷобат намуда, хоҳам гуфт: „Ӯ қавми Ман аст!“ Ва ӯ хоҳад гуфт: „Худованд Худои ман аст!“»


Бағоят ба ваҷд ой, эй духтари Сион! Нидоҳои шодӣ бидеҳ, эй духтари Ерусалим! Инак, Подшоҳи ту назди ту меояд, ки одил ва соҳиби наҷот ва ҳалим аст, ва бар харе, бар курраи бачаи модахар савор аст.


Инак, Ман қосиди Худро мефиристам, ва ӯ роҳро пеши Ман холӣ хоҳад кард; ва ногаҳон Худованд, ки шумо толиби Ӯ ҳастед, ба қасри Худ хоҳад омад, ва қосиди аҳд низ, ки шумо муштоқи Ӯ мебошед; инак, меояд, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


«Инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳанд номид, ки маънояш ин аст: Худо бо мо».


Ба Ӯ бо қудсият ва адолат хизмат кунем, дар ҳолате ки тамоми айёми умри худ пеши Ӯ бошем.


Ман ва Падар як ҳастем».


Яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Туро барои амали нек сангсор намекунем, балки барои куфр, зеро Ту, ки одам ҳастӣ, Худро Худо мехонӣ».


Тумо дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Эй Худованди ман ва эй Худои ман!»


Ва падарон аз онҳоянд, ва аз онҳо Масеҳ ба ҳасби ҷисм ба ҷаҳон омадааст, ки Худо бар ҳама ва то абад муборак аст, омин.


Зеро Ӯ бояд салтанат ронад то даме ки ҳамаи душманонро зери пойҳои Худ сарнагун созад.


Фақат ба замини банӣ‐Аммӯн: ба тамоми соҳили наҳри Яббӯқ ва шаҳрҳои кӯҳистон, ва ба ҳар ҷое ки Худованд Худои мо манъ карда буд, ту наздик нашудӣ.


Ту бештар аз ҳамаи қавмҳо бобаракот хоҳӣ буд; дар миёни шумо ва дар миёни чорвои шумо нар ё модаи бенасл нахоҳад буд.


Ва бечуну чаро бузург аст сирри диндорӣ: Худо дар ҷисм зоҳир шуд, дар Рӯҳ тасдиқ гардид, ба василаи фариштаҳо дида шуд, дар миёни халқҳо мавъиза карда шуд, дар ҷаҳон бо имон пазируфта шуд, дар ҷалол боло бароварда шуд.


Зеро ки бо чунин роҳ даромадгоҳи Малакути абадии Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ барои шумо бемалол кушода хоҳад шуд.


Валекин мо медонем, ки Писари Худо омада, ба мо ҳирад бахшид, то ки ҳақро дарк кунем, ва мо дар ҳақ, дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти ҷовидонӣ мебошад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan