Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 1:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Писараш, ки дурахши ҷалол ва мазҳари моҳияти Ӯ буда, ҳама чизро бо каломи қуввати Худ нигоҳ доштааст, чун татҳири гуноҳҳои моро ба амал овард, ба ямини Кибриё дар афроз нишаст,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

3 Писар дурахши шуҳрату ҷалоли Худоро нишон медиҳад ва аз ҳар ҷиҳат монанди Худо буда, бо амри пурқудраташ тамоми олами мавҷудотро идора мекунад. Баъд аз пок кардани гуноҳҳои одамизод Писар дар боло аз дасти рости Худои Олимақом нишаст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 1:3
42 Iomraidhean Croise  

Худовандо! Кибриё ва зӯрмандӣ ва шукӯҳ ва нусрат ва шавкат аз они Туст, зеро ки ҳар он чи дар осмон ва замин аст, аз они Туст. Худовандо! Салтанат аз они Туст, ва ту бар сари ҳама мутаол ҳастӣ.


Аз шимол фурӯғи заррин меояд: ин акси шукӯҳи саҳмгинест, ки бар Худост.


Ҳалелуёҳ. Худовандро бо тамоми дил ҳамд хоҳам гуфт дар шӯрои росткорон ва дар ҷамоат.


Ва дар Салим хаймаи Ӯст, ва дар Сион маскани Ӯ.


Азбаски сухани подшоҳ тасаллут дорад, кист, ки ба ӯ бигӯяд: «Чӣ мекунӣ?»


Ва коҳин якеро ҳамчун қурбонии гуноҳ ва дигареро ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ тақдим мекунад; ва коҳин ӯро ба ҳузури Худованд аз ҷараёни ӯ кафорат менамояд.


Ва Ӯ хоҳад истод ва бо қудрати Худованд, бо кибриёи исми Худованд Худои Худ хоҳад чаронид, ва онҳо сокин хоҳанд шуд, зеро ки алҳол Ӯ то ақсои замин бузург хоҳад шуд.


«Эй Устод! Мусо гуфтааст: „Агар касе бимирад ва фарзанде надошта бошад, бояд бародараш зани вайро ба никоҳи худ дароварад ва барои бародари худ насле ба вуҷуд оварад“.


Ва Худованд, пас аз он ки ба онҳо сухан гуфт, ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишаст.


Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст.


Фардои он, Яҳьё Исоро дид, ки ба ҷониби вай меояд, ва гуфт: «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад;


Дар Ӯ ҳаёт буд, ва ҳаёт нури одамиён буд.


Акнун, ки Ӯ ба ямини Худо боло бурда шудааст, ваъдаи Рӯҳулқудсро аз Падар ёфта, он чиро, ки шумо дида ва шунида истодаед, фурӯ рехтааст.


Ва гуфт: «Инак, осмонро кушода ва Писари Одамро ба ямини Худо истода мебинам».


Зеро ки башорати Масеҳро ба худ ор намедонам, чунки он — қуввати Худост барои наҷоти ҳар як имондор: ҳам, аввалан, яҳудӣ ва ҳам юнонӣ.


Кӣ маҳкум мекунад? Оё Масеҳе ки мурдааст, вале боз эҳьё шудааст? Оё Ӯ, ки ба ямини Худо нишастааст? Оё Ӯ, ки дар ҳаққи мо шафоат мекунад?


Барои беимонҳое ки худои ин дуньё зеҳнашонро кунд кардааст, то ки нури башорати ҷалоли Масеҳ, ки Ӯ сурати Худост, барои онҳо надурахшад.


Пас, модоме ки шумо бо Масеҳ эҳьё шудаед, он чиро, ки дар афроз аст, биҷӯед, ки он ҷо Масеҳ ба ямини Худо нишастааст;


Ки Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд.


Ба кадоме аз фариштагон Худо ягон вақт гуфтааст: «Ба ямини Ман бинишин, то душманони Туро зери пои Ту андозам»?


Аммо Ӯ як қурбониро ба сурати абадӣ барои гуноҳҳо тақдим намуда, ба ямини Худо бинишаст,


Ва ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст.


Пас мо, ки чунин Саркоҳини бузурге дорем, ки афлокро тай намудааст, ва Ӯ Масеҳи Писари Худост, эътирофи худро боматонат нигоҳ дорем.


Ки эҳтиёҷ надорад ҳар рӯз, мисли он саркоҳинон, аввал барои гуноҳҳои худаш, баъд барои гуноҳҳои қавм қурбониҳо тақдим кунад, зеро ки инро Ӯ як бор ба амал овард, вақте ки Худро ба унвони қурбонӣ тақдим кард.


Дар он чи гуфта шуд, чизи асосӣ ин аст; мо чунон Саркоҳине дорем, ки Ӯ ба ямини тахти Кибриё дар афлок нишастааст,


Зеро, дар ҳар ҷое ки васияте ҳаст, бояд собит шавад, ки васияткунанда мурдааст,


Вагар на Ӯ мебоист аз ибтидои олам борҳо уқубат мекашид. Аммо Ӯ алҳол, дар охири замонҳо, як бор зоҳир шуд, то ки бо қурбонии Худ гуноҳро нест кунад.


Ки ба воситаи Масеҳ шумо ба Худое имон овардед, ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард ва ба Ӯ ҷалол бахшид, то ки шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед.


Ки Ӯ ба осмон сууд карда, ба ямини Худо нишастааст ва фариштаҳо ва ҳукуматдориҳо ва қудратҳо мутеи Ӯ шудаанд.


Зеро, ҳангоме ки мо қувват ва омадани Худованди мо Исои Масеҳро ба шумо хабар додем, аз паи афсонаҳои фиребгарона нарафтаем, балки кибриёи Ӯро бо чашми худ дидаем.


Зеро ки Ӯ аз Худои Падар шавкат ва ҷалол ёфт, вақте ки аз ҷониби ҷалоли боазамат сӯи Ӯ чунин овоз расид: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман, ки ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар Ӯст».


Аммо агар дар нур мегашта бошем, чунон ки Ӯ дар нур аст, бо якдигар мушоракат дорем, ва Хуни Писари Ӯ Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд.


Ва шумо медонед, ки Ӯ барои бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд, ва дар Ӯ гуноҳе нест.


Яъне Худои ҳакими якто ва Наҷотдиҳандаи моро, ба воситаи Исои Масеҳи Худованди мо, ҷалол ва шавкат, қудрат ва салтанат бод аз азал ва дар замони ҳозира ва то абад. Омин.


Касе ки ғолиб ояд, ба вай ато хоҳам кард, ки бо Ман бар тахти Ман биншинад, чунон ки Ман низ ғолиб омада, бо Падари Худ бар тахти Ӯ нишастам.


«Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan