Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 1:14 - Китоби Муқаддас 1992 1999

14 Оё ҳамаи онҳо рӯҳҳои хизматгузор нестанд, ки барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки вориси наҷот хоҳанд шуд?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

14 Пас фариштагон кистанд? Онҳо рӯҳҳои хизматгузори Худо ҳастанд ва барои хизмати онҳое фиристода мешаванд, ки насибашон наҷот ёфтан аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 1:14
65 Iomraidhean Croise  

Ва Яъқуб танҳо монд. Ва касе бо ӯ то дамидани субҳ гӯштин гирифт;


Ва ӯ гуфт: «Пас каломи Худовандро бишнав: ман Худовандро бар тахти Худ нишаста дидам, ва тамоми лашкари осмон назди Ӯ аз тарафи рост ва аз тарафи чап истода буданд.


Ва рӯзе воқеъ шуд, ки писарони Худо омаданд, то ки пеши Худованд ҳозир шаванд; ва шайтон низ дар миёни онҳо омад.


Худованд ва қуввати Ӯро ҷӯё шавед; рӯи Ӯро ҳамеша толиб бошед.


Зеро ки бе сабабе барои ман доми худро дар ҳафра пинҳон кардаанд; онро бе сабаб барои ҷонам кандаанд.


Набукаднесар хитоб намуда, гуфт: «Муборак аст Худои Шадрак, Мешак ва Абднаҷу, ки фариштаи Худро фиристода, бандагони Худро наҷот додааст, ки онҳо ба Ӯ таваккал доштанд, ва ба фармони подшоҳ муқобилият намуданд, ва баданҳои худро нисор карданд, то ки ба ҳеҷ худои дигар, ҷуз Худои худашон, ибодат ва саҷда нанамоянд.


Худои ман фариштаи Худро фиристода, даҳони шеронро баст, ва онҳо ба ман осебе нарасонданд, чунки ба ҳузури Ӯ дар ман гуноҳе ёфт нашуд, пеши ту низ, эй подшоҳ, ман ҷинояте накардаам».


Наҳри оташ аз пеши Ӯ ҷорӣ шуда, берун меомад; ҳазорон‐ҳазор ба ӯ хизмат мекарданд, ва беварҳо‐бевар ба ҳузури ӯ меистоданд; доварӣ ба муҳокима нишаст, ва дафтарҳо кушода шуд.


Аммо вақте ки ӯ дар чунин андеша буд, фариштаи Худованд дар хоби ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Эй Юсуф, писари Довуд! Аз гирифтани зани худ Марьям натарс; зеро ки он чи дар вай ба вуҷуд омадааст, аз Рӯҳулқудс аст;


Писари Одам фариштагони Худро ҳоҳад фиристод, ва онҳо аз Малакути Ӯ ҳамаи васвасакорон ва бадкоронро ҷамъ хоҳанд кард,


Зинҳор, ҳеҷ яке аз ин тифлонро хор нашуморед; зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои онҳо дар осмон ҳамеша рӯи Падари Маро, ки дар осмон аст, мебинанд.


Вақте ки онҳо баромада рафтанд, фариштаи Худованд дар хоб ба Юсуф зоҳир шуда, гуфт: «Бархез ва Кӯдакро бо модараш гирифта, ба Миср фирор кун ва дар он ҷо бош, то вақте ки ба ту гӯям; зеро ки Ҳиродус Кӯдакро ҷустуҷӯ хоҳад намуд, то ки Ӯро нобуд кунад».


Ва фариштагони Худро бо карнаи баландовоз хоҳад фиристод, ва баргузидагони Ӯро аз чор ҷониб, аз як канори осмон то канори дигараш фароҳам хоҳад овард.


Он гоҳ Подшоҳ ба онҳое ки ба тарафи рости Ӯ ҳастанд, хоҳад гуфт: „Биёед, эй баракатьёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред:


Пас иблис Ӯро вогузошт, — ва инак, фариштагон омада, Ӯро парасторӣ карданд.


Вақте ки ба роҳ мебаромад, касе назди Ӯ шитофта, зону бар замин зад ва пурсид: «Эй Устоди некӯ, чӣ кунам, то вориси ҳаёти ҷовидонӣ шавам?»


Фаришта дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ман Ҷаброил ҳастам, ки ба хузури Худо меистам, ва фиристода шудаам барои он ки бо ту сухан ронам ва ин муждаро ба ту бирасонам.


Вақте ки рӯзҳои хизматаш ба анҷом расид, ба хонаи худ рафт.


Вақте ки он мискин мурд, фариштагон ӯро ба оғӯши Иброҳим бурданд; он сарватдор низ мурд, ва ӯро дафн карданд;


Ногаҳон бо фаришта фавҷе аз лашкари осмон пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:


Ва фариштаи Худованд бар онҳо зоҳир гардид, ва ҷалоли Худованд дар гирду пешашон дурахшид, ва онҳо бағоят ҳаросон шуданд.


Вақте ки овозаи ин ба гӯши аҳли калисои Ерусалим расид, Барнабборо ба Антиёхия фиристоданд.


Лекин баногоҳ фариштаи Худованд ӯро зад, зеро ки ӯ Худоро ҷалол надод, ва кирмҳо ӯро хӯрданд, ва ӯ мурд.


Ва инак, фариштаи Худованд назди ӯ ҳозир шуд, ва рӯшноӣ дар он ҳона дурахшид; ба паҳлуи Петрус зада, ӯро бедор кард ва гуфт: «Зуд барҳез». Дарҳол занҷирҳо аз дастҳояш афтод.


Вақте ки онҳо ба ибодати Худованд ва рӯзадорӣ машғул буданд, Рӯҳулқудс гуфт: «Барнаббо ва Шоулро аз баҳри коре ки барояш онҳоро даъват намудаам, ба Ман ҷудо кунед».


Ногаҳон заминҷунбии азиме рӯй дод, то ба ҳадде ки таҳкурсии зиндон ба ларза даромад; дарҳол ҳамаи дарҳо кушода шуд, ва ҳама завлонаҳо ба замин афтод.


Зеро ки имшаб фариштаи Худое ки ман аз они Ӯ ҳастам ва Ӯро ибодат мекунам, ба ман зоҳир шуд


Вале ҳамон шаб фариштаи Худованд дарҳои зиндонро кушода ва онҳоро берун оварда, гуфт:


Ба умеди он ки рашки онҳоеро, ки ба ҳасби ҷисм ба ман наздиканд, ба вуҷуд оварам ва баъзеи онҳоро наҷот диҳам.


Ба ҳамин сабаб шумо андоз ҳам медиҳед; зеро онҳо мулозимони Худо ҳастанд, ки доим бо ин кор машғуланд.


Барои он ки дар миёни халқҳо хизматгузори Исои Масеҳ бошам ва каҳонати башорати Худоро ба ҷо оварам, то ки ҳадияи халқҳо аз Рӯҳулқудс муқаддас гардида, ба Худо мақбул афтад.


Инро салоҳ донистанд, вале нисбат ба онҳо ӯҳдадор ҳам ҳастанд; зеро, модоме ки халқҳо ба онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ шарик шудаанд, бояд ба онҳо аз ҷиҳати маишатӣ низ хизмат кунанд.


Ва агар фарзандонаш бошем, ворисонаш низ ҳастем: ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ ҳастем, агар ҳақиқатан бо Ӯ азобу уқубат кашем, то ки бо Ӯ низ ҷалол ёбем.


Зеро, дар ҳикмати Худо, модоме ки ҷаҳон бо ҳикмати худ Худоро нашинохт, — Худо салоҳ донист, ки ба воситам ҷаҳолати мавъиза имондоронро наҷот диҳад.


Зеро ба ҷо овардани ин хизмат на танҳо норасогии муқаддасонро пур мекунад, балки шукри Худоро низ бениҳоят афзун мегардонад;


Ва агар шумо аз они Масеҳ бошед, пас насли Иброҳим ҳастед, ворисонед мувофиқи ваъда.


Пас бидонед, ки аҳли имон фарзандони Иброҳим ҳастанд.


Бинобар ин аҳли имон бо Иброҳими имондор баракат мехоҳанд,


Ки халқҳо ҳамирси Исроил ва андоми ҳамон ҷисм ва шарикони ваъдаи онҳо дар Исои Масеҳ ба воситаи Инҷил ҳастанд.


Лекин, агар ман курбонии рехтание бар курбонӣ ва ибодати имони шумо шавам ҳам, аз ин шодам ва бо ҳамаи шумо шодӣ мекунам;


Аммо лозим донистам, ки Эпафрӯдитусро назди шумо баргардонам. Ӯ бародар ва ҳамкор ва ҳамсафи ман аст, ва шумо ӯро чун элчӣ ва хизматгузор дар мӯҳтоҷии ман фиристода будед.


Ва шуморо, ки уқубат мекашед, бо якҷоягии мо фароғат бахшад, ҳангоме ки Исои Худованд аз осмон бо фариштаҳои қуввати Худ


То ки мо, бо файзи Ӯ сафед шуда, ба ҳасби умед ворисони ҳаёти ҷовидонӣ гардем.


Ва ҳар коҳин ҳар рӯз дар ибодат меистад ва айни ҳамон қурбониҳоро борҳо тақдим менамояд, ки онҳо ҳаргиз наметавонанд гуноҳҳоро нест кунанд.


Чӣ гуна мо халос мешавем, агар ба чунин наҷоти бузург беэътиноӣ кунем, ки онро аввал Худованд мавъиза намуд ва баъд онҳое ки аз Ӯ шунидаанд, дар миёни мо тасдиқ кардаанд,


Ва камол ёфта, барои ҳамаи мутеони Худ сабабгори наҷоти ҷовидонӣ гардид,


То ки шумо танбал нашавед, балки ба касоне тақлид кунед, ки ба василаи имон ва пурсабрӣ вориси ваъдаҳо мегарданд.


Бинобар ин Худо, ки мехост тағьирнопазирии иродаи Худро ба ворисони ваъда пурратар нишон диҳад, қасамро ба кор бурд,


Аммо алҳол Ӯ хизмати аълотаре пайдо кардааст ба андозае ки Ӯ миёнарави аҳди беҳтаре мебошад, ки он бар ваъдаҳои беҳтар барқарор гардидааст.


Ончунон Масеҳ низ як бор Худро барои бардоштани гуноҳҳои бисьёр касон қурбонӣ намуда, бори дуюм на аз барои татҳири гуноҳ зоҳир хоҳад шуд, балки барои онҳое ки Ӯро интизор доранд, то наҷот ёбанд.


Гӯш диҳед, эй бародарони маҳбуби ман: оё Худо камбағалони оламро интиҳоб накардааст, ки сарватдор дар имон ва ворисони Малакуте бошанд, ки онро Ӯ ба дӯстдорони Худ ваъда кардааст?


Ба онҳо ошкор шуда буд, ки на ба худашон, балки ба мо хизмат кардаанд дар хусуси он чи ҳоло ба шумо мавъиза шудааст ба воситаи онҳое ки бо Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба шумо башорат додаанд, яъне он чи, ки фариштагон мехоҳанд андарунаш назар андозанд.


Барои мероси бефано, пок ва пажмурданашаванда, ки дар осмон барои шумо маҳфуз аст,


Ҳамчунин шумо, эй шавҳарон, бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунед, ва онҳоро ҳамчун ҳамирсони файзи ҳаёт мӯҳтарам доред, то ки ба дуоҳои шумо мамониате нарасад.


Ҳанӯх низ, ки баъд аз Одам насли ҳафтум буд, дар бораи инҳо нубувват карда гуфтааст: «Инак, Худованд бо беварҳои муқаддасони Худ омад,


Ва назар андохтам, ва инак, дар миёнаи тахт ва он чор ҳайвон ва дар миёнаи он пирон Баррае, мисли забҳшуда, истодааст ва ҳафт шох ва ҳафт чашм дорад, ки онҳо ҳафт рӯҳи Худо ҳастанд, ки ба тамоми замин фиристода шудаанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan