Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 9:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ва Мусо ба Ҳорун гуфт: «Ба қурбонгоҳ наздик биё, ва қурбонии гуноҳи худ ва қурбонии сӯхтании худро тақдим карда, барои худат ва барои ҷамоат кафорат намо; ва қурбонии қавмро тақдим карда, барои онҳо кафорат намо, чунон ки Худованд амр фармудааст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 9:7
12 Iomraidhean Croise  

Ва Ҳорун гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, наздик меоварад, ва худаш ва аҳли байташро кафорат менамояд; ва ин гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, забҳ мекунад,


Ва бадани худро дар макони муқаддас дар об ғусл медиҳад, ва либосҳои худро мепӯшад, ва берун омада, қурбонии сӯхтании худаш ва қурбонии сӯхтании қавмро тақдим мекунад, ва худаш ва қавмро кафорат менамояд;


Ва Ҳорун гӯсолаи қурбонии гуноҳро, ки барои худи ӯст, тақдим карда, худаш ва аҳли байташро кафорат менамояд;


Агар коҳини тадҳиншуда гуноҳе карда, сабаби гуноҳкор шудани қавм гардида бошад, — бигзор барои гуноҳе ки кардааст, гӯсолаи беайберо аз галаи говон барои қурбонии гуноҳ ба Худованд тақдим намояд.


Чунон ки имрӯз ба амал оварда шуд, ончунон Худованд амр фармуд, ки ба амал оварда шавад, то ки барои шумо кафорат гардад.


Ва ба Ҳорун гуфт: «Гӯсолаи наре барои қурбонии гуноҳ ва қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ бигир, ки ҳар ду беайб бошанд, ва ба ҳузури Худованд тақдим намо.


Зеро ҳар саркоҳине ки аз миёни одамон интихоб шудааст, барои одамон ба хизмати Худо гузошта мешавад, то ки барои гуноҳҳо ҳадия ва қурбониҳо тақдим кунад,


Ва ба ин сабаб бояд ҳам барои қавм ва ҳам барои худаш қурбонии гуноҳҳоро тақдим кунад.


Аммо ба қисми дуюми хайма соле як бор фақат саркоҳин медарояд, он ҳам бе хун не, ки онро барои худаш ва барои хатокориҳои қавм қурбонӣ мекунад.


Бинобар ин Ман дар ҳаққи хонадони Элӣ қасам хӯрдаам, ки гуноҳи хонадони Элӣ бо қурбонй ва ҳадия то абад кафорат нахоҳад шуд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan