Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 9:23 - Китоби Муқаддас 1992 1999

23 Ва Мусо ва Ҳорун ба хаймаи ҷомеъ даромаданд, ва берун омада, қавмро баракат доданд; ва ҷалоли Худованд ба тамоми қавм зоҳир шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 9:23
10 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки Сулаймон гуфтани дуоро ба анҷом расонид, оташе аз осмон фурӯд омада, қурбонии сӯхтанӣ ва забҳҳоро сӯзонид, ва ҷалоли Худованд хонаро пур кард.


Ва чунин вокеъ шуд, ки чун Ҳорун ба тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил сухан меронд, онҳо сӯи биёбон рӯй гардониданд, ва инак, ҷалоли Худованд дар абр зоҳир шуд.


Ва Мусо тамоми корро аз назар гузаронид, ва инак онҳо онро, ончунон ки Худованд амр фармуда буд, ба ҷо оварданд; ва Мусо онҳоро баракат дод.


Ва барзагов ва қӯчқоре барои забҳҳои саломатӣ, то ки ба ҳузури Худованд забҳ карда шавад, ва ҳадияи ордии бо равған омехташуда; зеро ки имрӯз Худованд ба шумо зоҳир хоҳад шуд“».


Ва Мусо гуфт: «Ин аст он чи Худованд амр фармудааст, ки ба амал оваред, ва ҷалоли Худованд ба шумо зоҳир хоҳад шуд».


Ва тамоми ҷамоат гуфтанд: «Онҳоро сангсор бояд кард!» Вале ҷалоли Худованд дар хаймаи ҷомеъ бар тамоми банӣ‐Исроил зоҳир шуд.


Ва Қӯраҳ тамоми ҷамоатро ба муқобили онҳо назди дари хаймаи ҷомеъ ҷамъ кард. Ва ҷалоли Худованд ба тамоми ҷамоат зоҳир шуд.


Ва ҳангоме ки ҷамоат ба муқобили Мусо ва Ҳорун ҷамъ шуданд, онҳо сӯи хаймаи ҷомеъ нигаристанд, ва инак, онро абр пӯшонид, ва ҷалоли Худованд зоҳир шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan