Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 9:22 - Китоби Муқаддас 1992 1999

22 Ва Ҳорун дастҳои худро сӯи қавм боло бардошта, онҳоро баракат дод, ва баъд аз тақдим кардани қурбонии гуноҳ ва қурбонии сӯхтанӣ ва забҳи саломатӣ фурӯд омад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 9:22
16 Iomraidhean Croise  

Ва истода, тамоми ҷамоати Исроилро бо овози баланд баракат дод ва гуфт:


Писарони Амром: Ҳорун ва Мусо; ва Ҳорун ҷудо карда шуд, то ки ӯ ва писаронаш барои хизмати муқаддастарин ба сурати абадӣ тақдис ёбанд, ба ҳузури Худованд бухур бисӯзонанд, ба Ӯ хизмат кунанд ва ба исми Ӯ то абад баракат диҳанд.


Ва подшоҳ рӯи худро гардонида, тамоми ҷамоати Исроилро баракат дод, — ва тамоми ҷамоати Исроил меистоданд, —


То даме ки ба қудсҳои Худо даромадам; он гоҳ ба фарҷоми онҳо сарфаҳм рафтам.


Ва Мусо тамоми корро аз назар гузаронид, ва инак онҳо онро, ончунон ки Худованд амр фармуда буд, ба ҷо оварданд; ва Мусо онҳоро баракат дод.


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ва онҳоро ба оғӯш кашид ва даст бар онҳо ниҳода, дуои хайр кард.


Ва онҳоро берун оварда, то Байт‐Ҳинӣ бурд ва дастҳои Худро бардошта, онҳоро баракат дод.


Худо Писари Худ Исоро муваккал карда, аввал назди шумо фиристод, то ки Ӯ ҳар якеро аз роҳҳои шароратомези шумо баргардонида, шуморо баракат диҳад».


Дар он вақт Худованд сибти Левиро ҷудо кард, то ки сандуқи аҳди Худовандро бардоранд, ба ҳузури Худованд истода, хизмати Ӯро ба ҷо оваранд ва ба исми Ӯ баракат диҳанд, ки то имрӯз чунин аст.


Ва коҳинон, писарони Левӣ, наздик меоянд, чунки онҳоро Худованд Худои ту баргузидааст, то ки хизмати Ӯро ба ҷо оваранд ва ба исми Худованд баракат диҳанд, ва бар тибқи сухани онҳо ҳар низоъ ва ҳар осеб бояд яктарафа карда шавад.


Дар ивази бадӣ, бадӣ накунед, ё дар ивази лаънат, лаънат нагӯед; баръакс, баракат диҳед, чун медонед, ки шумо барои он даъват карда шудаед, ки вориси баракат гардед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan