15 Ва қурбонии қавмро наздик овард, ва нарбузи гуноҳро, ки барои қавм буд, гирифт, ва онро забҳ карда, монанди қурбонии пешина, барои гуноҳ тақдим намуд.
Ва ба ин сабаб бояд ҳам барои қавм ва ҳам барои худаш қурбонии гуноҳҳоро тақдим кунад.
Бинобар ин Ӯ мебоист аз ҳар ҷиҳат ба бародарони Худ монанд мешуд, то ки Саркоҳини раҳим ва амине ба ҳузури Худо бошад, барои он ки гуноҳҳои қавмро кафорат кунад,
Ва ба банӣ‐Исроил сухан ронда, бигӯ: „Нарбузе барои қурбонии гуноҳ, ва гӯсола ва барраи яксолае ки беайб бошанд, барои қурбонии сӯхтанӣ бигиред,
Ки Худро барои мо фидо кард, то ки моро аз ҳар шарорат халосӣ диҳад ва барои Худ ҳамчун қавми махсусе ки дар аъмоли нек ғаюранд, татҳир намояд.
Зеро Ӯро, ки аз гуноҳ бехабар буд, барои мо қурбони гуноҳ сохт, то ки мо дар Ӯ адолати Худо шавем.
Валекин хости Худованд ин буд, ки Ӯро зарба зада, ба дардҳо гирифтор кунад; вақте ки Ӯ ҷони Худро кафорат намояд, насл дида, умраш дароз хоҳад шуд, ва хости Худованд дар дасти Ӯ муяссар хоҳад гардид.
Ва амъо ва почаҳоро шуста, бо қурбонии сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ сӯзонид.
Ва Мусо нарбузи қурбонии гуноҳро талабид, ва инак, он сӯзонида шуда буд; ва ӯ ба Элъозор ва Итомор, писарони Ҳорун, ки зинда монда буданд, хашм намуда, гуфт:
Ва коҳинон онҳоро куштанд, ва хуни онҳоро барои каффораи гуноҳҳо бар қурбонгоҳ пошиданд, то ки бар тамоми Исроил каффора шавад; зеро подшоҳ фармуда буд, ки қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии гуноҳҳо барои тамоми Исроил тақдим карда шавад.