12 Ва қурбонии сӯхтаниро забҳ кард, ва писарони Ҳорун хунро назди ӯ оварданд, ва ӯ онро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.
Ва Ҳорун ба Мусо сухан ронда, гуфт: «Имрӯз, охир, онҳо қурбонии гуноҳи худ ва қурбонии сӯхтании худро, ба ҳузури Худованд тақдим карданд, — ва чунин ҳодисаҳо ба ман рӯй дод; пас, агар имрӯз қурбонии гуноҳро мехӯрдам, оё ин дар назари Худованд мақбул меафтод?»
Ва гӯшт ва пӯстро берун аз ӯрдугоҳ дар оташ сӯзонид.
Ва андом ва каллаи қурбонии сӯхтаниро назди ӯ оварданд, ва ӯ бар қурбонгоҳ сӯзонид.
Ва қурбонии сӯхтаниро наздик оварда, бар тибқи дастур тақдим намуд.
Ва писарони Ҳорун хунро назди ӯ оварданд, ва ӯ ангушти худро дар хун ғӯтонида, бар шохҳои қурбонгоҳ молид; ва хунро бар буньёди қурбонгоҳ рехт.
Ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи муаттар таслим намуд.