11 Ва гӯшт ва пӯстро берун аз ӯрдугоҳ дар оташ сӯзонид.
Ва гӯсоларо аз ӯрдугоҳ берун бароварда, онро месӯзонад, чунон ки гӯсолаи аввалро сӯзонид. Ин қурбонии гуноҳи ҷамоат аст.
Ва гӯсола ва пӯсташ ва гӯшташ ва саргинашро берун аз ӯрдугоҳ дар оташ сӯзонид, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
Ва чарбу, ва гурдаҳо, ва қабати чарбуи рӯи ҷигари қурбонии гуноҳро бар қурбонгоҳ сӯзонид, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
Ва қурбонии сӯхтаниро забҳ кард, ва писарони Ҳорун хунро назди ӯ оварданд, ва ӯ онро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.