Ва Ӯ адолатро мисли зиреҳ дар бар кард, ва хӯди наҷотро бар сари Худ ниҳод, ва пероҳани интиқомро дар ивази либос дар бар кард, ва рашкро мисли ҷомае пӯшид, —
Ва ӯ ба ҳузури Элъозори коҳин истад, то ки барои ӯ ҳукми уримро ба ҳузури Худованд бипурсад: аз рӯи фармони вай бояд ӯ, ва тамоми банӣ‐Исроил бо ӯ, ва тамоми ҷамоат берун раванд, ва аз рӯи фармони вай дохил шаванд».