Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 8:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ва пероханро бар ӯ гузошт, ва камарашро бо камарбанд баст, ва ридоро бар ӯ пӯшонид, ва эфӯдро бар ӯ гузошт, ва камарашро бо тасмаи эфӯд баста, эфӯдро ба воситаи он бар ӯ мустаҳкам намуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 8:7
12 Iomraidhean Croise  

Ва либосҳои муқаддас барои бародарат Ҳорун, аз баҳри иззат ва шукӯҳ бисоз.


Ва ин аст либосҳое ки бояд бисозанд: синабанд ва эфӯд ва ридо ва пероҳани катакчадор ва аммома ва камарбанд; ва бигзор либосҳои муқаддасро барои бародарат Ҳорун ва барои писаронаш бисозанд, то ки вай ба Ман каҳонат намояд;


Ва эфӯдро аз тилло ва лоҷвард, арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бо бофти санъаткорона бисозанд.


Ва либосҳоро бигир, ва Ҳорунро бо пероҳан, ва ридои эфӯд, ва эфӯд ва синабанд ороста намо, ва бо тасман эфӯд камарашро бибанд.


Дар Худованд шодии бисьёр мекунам, ва ҷони ман дар Худои ман ба ваҷд меояд, зеро ки Ӯ маро либоси наҷот пӯшонидааст, ва ҷомаи адолат бар дӯшам гузоштааст, чунон ки домод афсарро мисли коҳине бар сари худ мениҳад. ва чунон ки арӯс худро бо зеварҳо оро медиҳад.


Мотамзадагони Сионро ато намуда, ба онҳо афсаре ба ҷои хокистар бидиҳам, ва равғани шодмонӣ — ба ҷои мотам, ва ридои ҷалол — ба ҷои рӯҳи андӯҳгин; ва онҳо дарахтони адолат номида хоҳанд шуд, ки Худованд барои ҷалоли Худ шинондааст.


Ҳангоме ки коҳинон меоянд, аз ин қудс ба саҳни берунӣ намебароянд, балки либосҳои худро, ки бо онҳо хизмат мекунанд, дар он ҷо мегузоранд, зеро ки онҳо муқаддас мебошанд; ва либосҳои дигар пӯшида, ба маконе ки аз они қавм аст, наздик мешаванд».


Балки Худованди мо Исои Масеҳро дар бар кунед ва дар бораи ҳавасҳои шаҳвонии ҷисм ғамхорӣ нанамоед.


Адолати Худо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ барои ҳамаи имондорон; зеро ки ҳеҷ тафовуте нест,


Зеро ҳамаи шумо, ки дар Масеҳ таъмид ёфтаед, Масеҳро дар бар кардаед.


Ва оё ӯро аз ҳамаи сибтҳои Исроил барои Худ ба коҳинӣ интихоб нанамудам, то ки бар қурбонгоҳи Ман баромада, бухур бисӯзонад ва ба ҳузури Ман эфӯд бипӯшад? Ва оё ҳамаи ҳадияҳоро аз қурбониҳои сӯхтании банӣ‐Исроил ба хонадони падарат набахшидам?


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan