6 Ва Мусо Ҳорун ва писаронашро наздик овард, ва онҳоро дар об ғусл дод.
Ва алҳол сарам бар душманонам, ки гирди маро гирифтаанд, баланд хоҳад шуд, ва дар хаймаи Ӯ қурбониҳои шодиёна хоҳам овард, дар шаъни Худованд суруд хоҳам хонд ва Ӯро хоҳам сароид.
Вақте ки Дӯэги Адӯмӣ омада, ба Шоул хабар дода гуфт, ки Довуд ба хонаи Аҳималик омадааст.
Худо низ туро ба сурати абадӣ вожгун хоҳад намуд, туро бе беху буньёд карда, аз хаймаат бадар хоҳад ронд, ва решаи туро аз замини зиндаҳо. Село.
Ва Ҳорун ва писаронашро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ биёр, ва онҳоро дар об ғусл деҳ.
Ва бигзор Ҳорун ва писаронаш дастҳо ва пойҳои худро аз он бишӯянд:
Вақте ки ба хаймаи ҷомеъ меоянд, бо об шустушӯ кунанд, то ки намиранд; ё вақте ки барои хизмат кардан ва сӯзонидани қурбонии оташин барои Худованд ба қурбонгоҳ наздик мешаванд,
Ва Ҳорун ва писаронашро ба даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ наздик биёр, ва онҳоро дар об ғусл деҳ.
Шустушӯй кунед, пок шавед; аъмоли бади худро аз чашмони Ман дур созед; аз бадкирдорӣ даст кашед.
Ва оби пок бар шумо хоҳам пошид, ва шумо пок хоҳед шуд; аз ҳамаи палидиҳотон ва аз ҳамаи бутҳотон шуморо пок хоҳам кард.
Бигзор пероҳани катони муқаддасро дар бар кунад, ва эзори катон бар баданаш бошад, ва камарбанди катонро бибандад, ва аммомаи катонро бипӯшад: инҳо либосҳои муқаддас аст; ва бадани худро дар об ғусл дода, онҳоро дар бар кунад.
Ва Мусо ба ҷамоат гуфт: «Ин аст он чи Худованд амр фармудааст, ки ба ҷо оварда шавад».
Дар он рӯз барои хонадони Довуд ва сокинони Ерусалим чашмае аз баҳри шустани гуноҳ ва наҷосат кушода хоҳад шуд.
Ва баъзе аз шумо чунин будед; аммо пок шудед, аммо қудсият пайдо кардед, аммо сафед шудед ба исми Худованди мо Исои Масеҳ ва ба Рӯҳи Худои мо.
То ки онро ба ғусли об пок карда, ба воситаи калом тақдис намояд,
Пас бо дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидан аз виҷдони шарири мо татҳир намуда ва ҷисми худро дар оби пок ғусл дода, наздик оем,
Ва онҳо, бо чизҳои хӯрданӣ ва нӯшиданӣ ва бо ҳар гуна таҳорат ва маросим, дастурҳои мансуб ба ҷисм буда, фақат то замони ислоҳ муқаррар карда шудаанд.
Ба ӯ гуфтам: «Эй оғо, ту медонӣ». Ва ӯ ба ман гуфт: «Инҳо касоне ҳастанд, ки аз азоби азим омадаанд; инҳо либосҳои худро шуста, бо хуни Барра сафед кардаанд;