Ва аз лоҷвард ва арғувон ва қирмиз либосҳои хизматӣ барои хизмат кардан дар қудс сохтанд; ва либосҳои муқаддас барои Ҳорун сохтанд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
Ва синабандро аз ҳалқаҳояш ба ҳалқаҳои эфӯд бо риштаи лоҷвард банд карданд, то ки он бар тасмаи эфӯд бошад, ва синабанд аз эфӯд ҷудо нашавад, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
Ва тасмаи бандубасти он, ки бар он буд, бо ҳамон санъат аз худи он, яъне аз тилло, лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба сохта шуд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.
Ва Мусо писарони Ҳорунро наздик овард, ва бар онҳо пероҳанҳоро пӯшонид, ва камарбандҳоро бар камари онҳо баст, ва кулоҳҳоро бар сари онҳо ниҳод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.