Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 8:36 - Китоби Муқаддас 1992 1999

36 Ва Ҳорун ва писаронаш ҳар он чиро, ки Худованд ба воситаи Мусо амр фармуда буд, ба ҷо оварданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 8:36
8 Iomraidhean Croise  

Ҳар он чи ман ба шумо амр мефармоям, саъю кӯшиш намуда онро ба амал оваред; чизе бар он илова нанамоед ва чизе аз он кам накунед.


Ва Самуил гуфт: «Оё барои Худованд курбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳо ончунон матлуб аст, чунон ки шунидани овози Худованд? Шунидан, охир, аз забҳ хубтар аст, ва гӯш андохтан — аз чарбуи кӯчқорон.


Ба он чи ман ба шумо амр мефармоям, чизе илова нанамоед, ва чизе аз он кам накунед, балки фақат аҳкоми Худованд Худои худро, ки ман ба шумо амр мефармоям, риоя намоед.


Ва Мусо ба амал овард; ончунон ки Худованд ба ӯ амр фармуда буд, ба ҷо овард.


Ва Мусо тамоми корро аз назар гузаронид, ва инак онҳо онро, ончунон ки Худованд амр фармуда буд, ба ҷо оварданд; ва Мусо онҳоро баракат дод.


Ва назди дари хаймаи ҷомеъ рӯзона ва шабона ҳафт рӯз бимонед, ва навбатдории Худовандро риоя намоед, то ки намиред, зеро ки чунин ба ман амр фармуда шудааст».


Ва дар рӯзи ҳаштум чунин воқеъ шуд, ки Мусо Ҳорун ва писарони ӯ ва пирони Исроилро даъват намуд.


Ва аммомаро бар сари ӯ гузошт, ва бар аммома, аз пеш, лавҳаи тилло, яъне афсари муқаддасро ниҳод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan